Паёми шодбошии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба муносибати 33-солагии Истиқлоли давлатӣ
Ҳамватанони азиз!
Сокинони шарафманди пойтахт!
Истиқлолияти давлатӣ яке аз бузургтарин дастоварде мебошад, ки миллати сарбаланди мо онро ҳамасола 9 сентябр бо ифтихору сарфарозӣ ва шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн мегирад.
Ба ин муносибат тамоми сокинони ватандӯсти кишварамонро самимона табрик мегӯям.
Боиси ифтихормандист, ки сокинони сарбаланди мамлакат дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, пойдевори давлати соҳибистиқлоли тоҷиконро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона гузошта, баҳри пешрафти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва боз ҳам беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ талош варзиданд.
Баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ мо узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, имрӯз ҳамчун кишвари пешоҳанги сулҳҷӯ тавассути ташаббусҳои созанда дар ҳалли масъалаву мушкилоти глобалии сайёра саҳмгузорем.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат бо бунёди роҳу пулҳо, нақбҳо, неругоҳҳои барқи обӣ ва садҳо корхонаи бузурги саноатӣ — Тоҷикистон ба як қаламрави воҳид ва кишвари транзитӣ мубаддал гардид.
Маҳз истиқлоли давлатӣ Тоҷикистонро бо ҷаҳон ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид ва сиёсати сулҳҷӯёнаи Президенти маҳбуби кишвари мо боиси болоравии бесобиқаи нуфузу обрӯи Тоҷикистон дар байни ҷомеаи ҷаҳонӣ гардид.
Истиқлоли давлатӣ барои кишвари ҷавони мо як рукни муҳимми давлатдорӣ ва шарти аслии пешрафту шукуфоии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, моро зарур аст, ки баҳри таҳкиму устуворӣ ва рушди минбаъдаи он дар ҳамбастагӣ тамоми нерӯи зеҳнии хешро равона созем.
Имрӯзҳо ҳар яки мо вазифадорем, ба арзишу дастовардҳои истиқлоли давлатӣ арҷ гузорем ва дар роҳи ноил шудан ба ҳадафҳои давлати озоду соҳибистиқлоламон саъю талоши бештар намоем.
Мо таҳкиму тақвияти истиқлоли давлатӣ ва ҳифзи сулҳу амнияти кишварро рисолати муқаддаси худ меҳисобем.
Дар фарҷом, бо ибрози ниятҳои нек ҷашни муқаддаси миллӣ – 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ба тамоми мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, саодати рӯзгор, комёбӣ ва ба Тоҷикистони маҳбубамон сулҳу суботи ҷовидона ва ояндаи дурахшонро орзу менамоям.
Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак, ҳамдиёрони азиз!