Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми табрикотии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бахшида ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон-шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!

Сокинони саодатманди пойтахт!

Шуморо ба муносибати Рӯзи пойтахти маҳбубамон — шаҳри Душанбе, ки имсол ба 20 апрел рост меояд, самимона шодбош мегӯям.

Ин ҷашнба  мисли  худи  пойтахти  зебою дилорои  мо кулли  сокинони кишварамонро сарҷамъу муттаҳид  месозадИмрӯз хурду калон Душанберо дӯст медорад, ба таърихфарҳанг  ва  арзишҳои  он арҷ мегузорад.

Шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва маркази сиёсӣилмию фарҳангии он муаррифгари шоистаи симо ва ойинаи давлату миллати куҳанбунёди тоҷик ба ҳисоб меравад.

Дар давраи арзишманди ташаккулёбии худпойтахти  азизамон  –  шаҳри  Душанбе  бо саҳмгузории наслҳои гузашта сохта шуда, ҳоло дар  марҳилаи инкишофи  бемайлон  ва  рушди  бесобиқаи  худ қарор дорад.

Бахусуссолҳои охир зери таваҷҷуҳ ва ҳидоятҳои  созандаи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллатПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушду ободии пойтахт такони тоза ва илҳомбахш дода шудакорҳои бузурги бунёдкориву созандагӣ амалӣ карда шуданд.

Бо шарофати дастгирии давлату Ҳукумат ва тавассути заҳматҳои сокинони ободпешаи Душанбешаҳр мо тавонистемки дар якчанд соли охир симои пойтахтро куллан дигар кардаонро ба яке аз пойтахтҳои муосири сатҳи ҷаҳонӣ мубаддал гардонем.

Маҳз дар натиҷаи заҳмати содиқонаву ватандӯстонаи сокинони сарбаланди мамлакат, шаҳри Душанбе дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигар ҳамчун пойтахти ҷавону рушдёбанда эътироф гардид.

Муҳимтар аз ҳамадар Душанбе барои пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла тиҷорату иқтисодилму фарҳангроҳу коммуникатсия ва таъмини зиндагии шоистаи аҳолии он шароити мусоид фароҳам оварда шуд.

Бо итминони комил метавон гуфт, ки дар солҳои наздик шаҳри Душанбе ба яке аз марказҳои муҳимми илмӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар минтақа табдил хоҳад ёфт.

Дар баробари дастовардҳои  назаррасмо  ҳанӯз  дар  миқёси пойтахт  масъалаву  мушкилоти  ҳалталаб  низ  доремки ҳамаи онҳоро худамонбо неруву зеҳни солим, иттиҳоду сарҷамъӣ ва меҳнати созандаву ободгарона бо шукргузорӣ аз субботу оромии Ватани озоду соҳибистиқлоламон ҳаллу фасл менамоем.

Аз ин рӯ, ҳар як сокини пойтахтро даъват менамоям, ки дар иҷрои рисолати боз ҳам  ободтару  пешрафта,  зебову  гулпӯш  ва  сарсабзу  хуррам  гардонидан  ва  ба  ҷаҳониён  ба  таври арзанда муаррифӣ кардани пойтахти азизамон — шаҳри Душанбе, сидқан талош варзанд.

Итминони комил дорам, ки сокинони бофарҳанги пойтахт минбаъд низ бо риояи маданияти баланди шаҳрдорӣ ва донишу маърифати волои инсонӣ намунаи беҳтарини шаҳрнишинро нишон медиҳанд.

Зеро Душанбе — шаҳри  мостхонаи  умеди  мостки  мо  онро  дӯст  медоремаз  он  ифтихор   мекунем ва ба он эътимод дорем!

Ба шумо хушбахтӣ,  саломатӣ ва умри дароз таманно карда, орзуи онро дорам, ки шаҳри Душанбе макони амалишавии ниятҳои хайри ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ гардад.

Таҷлили Рӯзи Пойтахт муборак, ҳамдиёрони азиз!

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон