Оғози сафари расмии Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шоми 12 май Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овард.

Дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе меҳмони олиқадрро муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гирифтанд.

Дар рафти ин сафар Раиси Сенати Парламенти Ҷумњурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаевро муовини ӯ, раиси Кумита оид ба молия ва буҷет, аъзои як қатор кумитаҳои Сенати Парламенти Қазоқистон ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ менамоянд.

ШАРИКОН: