Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

28 май Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ вориди шаҳри Москва гардиданд.

Дар фурудгоҳи байналмилалии Внуково-2-и шаҳри Москва меҳмони олиқадрро муовини Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия ва дигар шахсони расмӣ гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон