Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Имрӯз дар доираи сафари кории худ дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева мулоқот анҷом доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо вазъи имрӯза ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Ӯзбекистонро, ки дар заминаи эътимоду боварии мутақобила рушду тавсеа меёбад, баррасӣ намуданд.
Имзои Аҳдномаи байни ду кишвар дар бораи муносибатҳои ҳампаймонӣ рӯйдоди муҳимми таърихӣ номида шуд.

Ҳар ду ҷониб аз тавсеаи бемайлони равобити байнипарламентии Маҷлиси миллӣ ва Сенати Олий Маҷлис изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Ҷонибҳо ба рушди босуръати муносибатҳои ду давлат дар соҳаҳои мухталифи ҳамкорӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитариро муҳим шумориданд.

Дар идомаи суҳбат доир ба масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор анҷом дода шуд.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон