
Имрӯз дар ҳошияи ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи 58-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Санкт-Петербург бо Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия муҳтарам Валентина Матвиенко мулоқот намуданд.
Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкории стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Россия, ки дар рушду тавсеаи мунтазами онҳо талошҳои муштараки Сарони ду давлат нақши калидӣ доранд, баррасӣ гардид.
Таъкид гардид, ки саҳми робитаҳои байнипарламентӣ, аз ҷумла фаъолияти густурдаи Комиссия оид ба ҳамкории байни Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Федератсия, дар таъмиқи муносибатҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон ва Россия назаррас аст. Ҷонибҳо аз тамоили мусбати рушди ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангию гуманитарӣ миёни ду кишвар изҳори қаноатмандӣ намуданд. Истифодаи босамари зарфиятҳои мавҷуда дар самтҳои афзалиятноки сармоягузорӣ, саноат, аграрӣ ва илму фарҳанг зарур дониста шуд. Дар вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои дигари рӯзномаи байналмилалию минтақавӣ табодули афкор намуданд.