Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

18 апрел дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Маулен Ашимбаев мулоқот анҷом доданд.

Дар мулоқот ҳолати имрӯза ва дурнамои муносибатҳои стратегӣ ва ҳампаймонии Тоҷикистону Қазоқистон, инчунин робитаҳои байнипарламентии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим- Жомарт Токаев ба Тоҷикистон дар соли 2024 ва баимзорасии Аҳднома дар бораи муносибатҳои ҳампаймони миёни ду кишвари бародар рӯйдоди муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба арзёбӣ гардид.

Ҷонибҳо аз раванди рушди бемайлони ҳамкориҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар идомаи суҳбат ҷонибҳо оид ба дурнамои таҳкими ҳамкории ду кишвар дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла тақвияти минбаъдаи равобити байнипарламентӣ ибрози назар карданд.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон