Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
10 июни соли 2024 мулоқоти муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Аҳмадзода Раҷаббой бо иҷрокунандаи Раиси (муовини Раис) Сенати Малайзия муҳатарам Нур Ҷазлон Муҳаммад баргузор гардид.
Нахуст Аҳмадзода Раҷаббой иҷрокунандаи Раиси (муовини Раис) Сенати Малайзия муҳтарам Нур Ҷазлон Муҳаммадро ба сарзамини офтобии Тоҷикистон хайрамақадам гуфтанд.
Зикр гардид, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон таҳким ва тавсеаи муносибатҳои дуҷониба бо Малайзия ҷойгоҳи хосса дорад.
Дар рафти мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла таъсиси гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сенати Малайзия, омӯзиши таҷрибаи Тоҷикистон дар истеҳсоли «неруи сабз», ба роҳ мондани хатсайри мустақим байни ду кишвар, ҷалби сармоя, инчунин таъсиси паркҳои технологӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн мубодилаи афкор намуданд.