Мизи мудаввар: «Вазъ ва дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи аграрӣ»

Кори мизи мудаварро раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Қурбон Ҳакимзода ва раиси Кумитаи Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба сиёсати аграрӣ, озуқаворӣ ва истифодаи ҳифзи табиат Майоров А.П. ифтитоҳ намуданд.

Аз рӯи масъалаи якум доир ба ҳамгироии роҳҳои асосии ҳамкорӣ оид ба таъмини тараққиёти илмӣ — технологӣ дар соҳаи комплекси агросаноатӣ, муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода С. ва муовини  якуми раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ширинҷонзода М. баромад намуда, бо ҳамтоёни худ паҳлуҳои ҳамкориҳоро доир ба воридоту содироти маҳсулоти ниёзи аввалия ва таъминот бо тухмии аълосифати картошка, зироатҳои ғалладонагӣ ва ғайра мавриди  баррасии ҳамаҷониба қарор доданд.

Зимни баррасии масъала оид ба сатҳу сифати маҳсулот гузориши муовини якуми директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Р. оид ба маҳсулоти воридотӣ ва содиротӣ, муҳлатҳои нигоҳдории он ва қонунгузории соҳаи мазкур, аз тарафи намояндагони Федератсияи Россия бо қаноатмандӣ пазируфта шуд.

Вобаста ба масъалаи дуюм дар хусуси вазъи ҳамкорӣ дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ, курсҳои омӯзишии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ, сатҳу сифати таълим дар магистратура, аспирантура, докторантура, таҳсили донишҷӯён дар ихтисосҳои нодир ректори Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур Маҳмадёрзода У. ва  ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Амиршоев  Ф. суханронӣ намуданд.

Зимни мубодилаи афкор намояндагони вазорату идораҳои марбутаи кишвар нисбати тайёр намудани кадрҳои илмӣ, пешбурди корҳои илмӣ — таҳқиқотӣ бо ҳамбастагии олимони Федератсияи Россия, таҳсили донишҷӯён аз рӯи ихтисосҳои ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ ва зарурӣ,  ҳимояи рисолаҳои номзадию докторӣ, гузаронидани конференсияву семинарҳо, истеҳсоли «маҳсулоти сабз», омӯзиши фанни инженерияи генӣ ва биотехнология, ба вуҷуд овардани навъу намунаҳои зироатҳои кишоварзӣ ва типу зотҳои чорво, инчунин ташкил намудани маркази омӯзишии мутахассисони соҳаи кишоварзӣ пешниҳодҳои мушаххас намуданд.

Ҳамчунин, дар кори мизи мудаввар узви Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замини Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ахмедов М.Х. иштирок намуда, оид ба тақвият ва густариши ҳамкориҳо дар самти истеҳсол ва коркарди ангур, инчунин ташкили корхонаҳои муштарак баҳри истеҳсоли вино суханронӣ намуд.

Доир ба масъалаҳои рӯзнома аз ҷониби Федератсияи Россия муовини вазири кишоварзӣ — Левин С. Л., муовини роҳбари Хадамоти федералӣ оид ба ветеринария ва беҳдошти санитарӣ — Швабаускене Ю. А., раиси Иттифоқи иштирокчиёни  бозори картошка ва сабзавоти Федератсияи Россия — Лупехин С.Н., директори департаменти Вазорати илм ва таҳсилоти олии Федератсияи Россия — Багиров В.А., ноиби Президенти Академияи илмҳои Россия — Донник И.М., ва Лобачевский Я.П. – муовини якуми директори Маркази Федералии илмӣ- агроинженерӣ баромад намуда, пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро саривақтӣ унвон карданд.

Дар кори мизи мудаввар инчунин вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи бехатарии озуқаворӣ Агентии содирот, Тоҷикстандарт, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва дигарон ширкат варзиданд.

ШАРИКОН: