Дар кори ҷаласа раисони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон ва Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Дар доираи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласаи пленарӣ як қатор лоиҳаҳои қонунҳои намунавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, аз ҷумла дар бораи баҳодиҳии кадастрии давлатӣ, технологияҳои зеҳни сунъӣ, ворид намудани тағйирот ба ҷанбаи рақамикунонии Кодекси намунавии таълим дар давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар санадҳо баррасӣ гардиданд.