
Имрӯз дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки дар он Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур, инчунин, Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ва роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат варзиданд.
Тибқи рӯзнома дар Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масъалаҳоро доир ба ҷамъбасти фаъолияти Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ дар соли 2024, ташкили мушоҳидаҳои интихобот дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамкории кишварҳои созмон оид ба таҳкими амнияти наздисарҳадӣ дар марзҳои берунӣ ва дигар масоили ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни суханронии худ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба натиҷаҳои интихоботи парламентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози назар карда, аз кори мушоҳидони байналмилалии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил изҳори қаноатмандӣ намуданд.
