Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 ноябр дар шаҳри Санкт-Петербург ҷаласаи навбатии Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
Дар ҷаласаи мазкур Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд. Ҷаласа бо суханони ифтитоҳии Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко оғоз гардида, нахуст рӯзномаи ҷаласаи Шӯро тасдиқ карда шуд.
Тибқи рӯзнома Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор масъалаҳоро дар хусуси фаъолияти Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ ва мақомоти кории он, Муроҷиати Шӯрои Ассамблеяи Байнипарламентӣ ба муносибати 80-солагии Ғалаба, инчунин дигар масоили ҷориро мавриди баррасӣ қарор дода, қарорҳои дахлдор қабул намуд.