Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар идомаи рӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҷаласаи тантанавии Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба муносибати 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи тантанавиро Раиси Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Валентина Матвиенко ҳусни оғоз бахшида, сипас зери оҳанги мутантан ба толор нусхаи Парчами Ғалаба ворид карда шуд.

Зимни суханронӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҳамтоёни худ ва ҳозиринро ба муносибати фарорасии ҷашни 80-солагии Ғалаба самимона табрик намуда, таҷлили ин санаро аз анъанаҳои муҳими таърихии кишварҳои Иттиҳод, намунаи ваҳдат, ҳамбастагӣ ва ҳифзи муштараки сулҳ дар саросари олам номиданд.

Зикр карда шуд, ки дар солҳои ин ҷанги пурфоҷиа танҳо аз Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар ба майдони муҳориба даъват ва сафарбар карда шуданд. Аз 300 ҳазор нафар беш аз 100 ҳазор нафари онҳо дар муҳорибаҳо ҳалок гардиданд. Тақрибан 45 ҳазор сокини Тоҷикистон ба корхонаҳои минтақаҳои дигари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба кор фиристода шуданд, ки аксарияти онҳо аз он ҷо ба ҷанг рафтанд.

Ҷанговарони тоҷик дар ҳама муҳорибаҳои муҳими Ҷанги Бузурги Ватанӣ, яъне мудофиаи Москва, қалъаи Брест, Киев, Смоленск, Одесса, Севастопол ва дигар шаҳрҳо иштирок карда, дар озод кардани муҳосираи Ленинград ва муҳорибаи шадиди занҷираи Курск ҷанг карданд.

Дар баробари ин, калонсолон ва наврасону кӯдакон дар ақибгоҳ бо машаққати зиёд шабу рӯз заҳмат кашида, ҳамаизахираҳоимавҷудаимоддию техникӣ ва инсонӣ барои таъмини эҳтиёҷоти ҷабҳа сафарбар карда шуда буданд.Мардуми Тоҷикистон бо вуҷуди дар шароити бисёр вазнин қарор доштан, даҳҳо ҳазор нафар занону кӯдаконро аз ҷумҳуриҳои дар хатти ҷанг қарордошта қабул карда, нисбат ба ҳамаи онҳо ғамхорӣ зоҳир намуданд.

Бо ифтихору қаноатмандӣ қайд гардид, ки Тоҷикистон дар қатори дигар халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ғалабаи Бузург саҳми арзанда гузоштааст.

Дар ҷаласа ҳамчунин роҳбарони ҳайатҳои парламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Котиби генералии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, намояндагони ташкилоти собиқадорон, маъмурият шаҳри СанктғПетербург ва Ассамблеяи байнипарламентии ҷавонони Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар фарҷом, ба иштирокдорони ҷаласаи тантанавӣ барномаи фарҳангӣ бахшида ба 80-солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 намоиш дода шуд. 

 

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон