Иштирок ва суханронии Раиси Маҷлиси миллӣ дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ

Нимаи дуюми 5 декабр Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (АП СААД) иштирок ва суханронӣ намуданд.

Ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин доир гардида, дар кори он роҳбарони ҳайатҳои парламентии аъзои АП СААД масъалаҳои мубрами рӯзномаи фаъолияти Созмон ва натиҷаҳои асосии фаъолияти Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ зимни суханронӣ таъкид карданд, ки дар марҳилаи таърихии 30 соли баимзорасонии Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ва 20 соли таъсисёбии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ин созмони байниминтақавӣ дар сатҳи сифатан нави муносибатҳои ҳампаймонӣ роҳандозӣ гардида, таҷрибаи назарраси байнидавлатӣ, байниминтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳои муосир ба даст омадааст.

Дар ин зимн, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳи аъзои Шӯрои Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъиро ба ихтилофҳои дар минтақаҳои гуногуни олам бамиёномада, ки барои рушди аксари кишварҳо мушкилот эҷод мекунанд, равона сохта, вобаста ба вазъияти мураккаб дар Афғонистон, бори дигар зарурату аҳамияти таҳкими ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистону Афғонистонро ҳамчун сарҳадоти ҷанубии минтақаи СААД, таъкид доштанд.

Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо натиҷагирӣ аз давраи раёсати Ҷумҳурии Арманистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ҷиҳати анҷоми корҳои босамару назарраси он дар давраи раёсат дар Созмон изҳори сипос намуда, ҳамчунин ба ҷониби Ҷумҳурии Беларус омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои мусоидат баҳри татбиқи зарфиятҳои ин кишвар дар давраи раёсат дар Созмон, иброз доштанд.

Бо натиҷагирӣ аз кори ҷаласаи Шӯро ва ҷаласаи пленарии понздаҳуми Ассамблеяи Парламентии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ як қатор санадҳо қабул карда шуд.

Аз ҷумла, ҷиҳати наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзо як қатор тавсияҳои қонунгузорӣ дар бахшҳои мудофиа ва амният, таъмини ҳифзи равандҳои электоралӣ, оид ба муқовимат ба хавфҳои тақсимоти беназорати дороиҳои виртуалӣ қабул карда шуданд.

Ҳамчунин, дар ҷаласа нақшаи кори АП СААД дар соли 2023 ҷонибдорӣ гардида, сметаи даромадҳо ва хароҷоти таъминоти фаъолияти созмон барои соли оянда тасдиқ карда шуд.

ШАРИКОН: