Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар Федератсияи Россия бо гузоштани гулчанбар дар назди оромгоҳи Сарбози номаълум дар боғи Александри шаҳри Москва оғоз гардид.

 

 

 

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустам Эмомалӣ дар назди Гулхани абадӣ гулчанбар гузошта, бо дақиқаи хомӯшӣ хотираи қаҳрамононро пос доштанд. Дар ин маросим Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро намояндагони воломақоми Шӯрои Федератсияи Федератсияи Россия ҳамроҳӣ намуданд.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон