
28 октябри соли 2024 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон ҷаласаи навбатии кумитаи мазкур баргузор гардид.
Дар ҷаласа аъзои кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи мутақобила», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷораи молявӣ (лизинг)» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи фелдегерӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз натиҷаи баррасии қонунҳои зикршуда хулосаи кумита қабул гардида, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуд.