Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

26 октябри соли 2024 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Давлаталӣ Саид ҷаласаи навбатии кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар ҷаласа аъзои кумита, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок доштанд.

Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ғалла ва маҳсулоти коркарди он», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилооти экологӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи экологӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Аз натиҷаи баррасии қонунҳои зикршуда хулосаи кумита қабул гардида, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуд.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон