Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
5 майи соли ҷорӣ ҷаласаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон баргузор шуд.
Аъзои кумита ду масъала — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фарматсевтӣ»-ро баррасӣ ва ба ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ пешниҳод намуданд.