Баррасии вазъи хизматрасонии тиббӣ дар муҳокимаи парламентӣ

Нимаи аввали рӯзи 28 майи соли 2021 дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллӣ Аҳмадзода Раҷаббой муҳокимаи парламентӣ дар мавзӯи «Вазъи хизматрасонии тиббӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ» баргузор гардид.

Муҳокимаи парламентии мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва қарори Шӯрои Маҷлиси миллӣ аз 1 марти соли 2021, №207 роҳандозӣ гардид.

Дар муҳокимаи парламентӣ аъзои Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, роҳбарият ва шахсони масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони масъули Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва дигар вазорату ташкилотҳои дахлдор, инчунин намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Иштирокдорони муҳокимаи парламентӣ дар атрофи масъалаҳои роҳандозӣ кардани низоми самараноки хизматрасонии тиббӣ дар кишвар, риояи тартиби хизматрасонии тиббӣ, аз байн бурдани зиён ва хавф ба ҳаёти беморон ҳангоми расонидани кумаки тиббӣ тавассути беҳсозии раванди ташхиси касбии беморӣ, таъйини доруворӣ, бахусус пешгирӣ кардани таҳияи дорухатҳои ба истилоҳ «фармоишӣ», водорсозии бемор барои хариди доруворӣ аз дорухонаҳои алоҳида, вазъи маблағгузорӣ ва мақсаднок истифода шудани маблағҳои ба соҳаи тандурустӣ равонашуда, риояи қонунгузорӣ, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар соҳаи тандурустӣ ва баланд бардоштани масъулияти кормандони соҳаи тиб суханронӣ ва мубодилаи афкор намуданд.

Аз ҷумла, таъкид гардид, ки тайи солҳои охир бо дастгирии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба пешрафти соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои ҳалли мушкилоти ин соҳаи ҳаётан муҳим тадбирҳои зиёде амалӣ  гашта истодаанд.

Ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ ҳамасола афзуда, музди миёнаи меҳнати кормандон  зиёд шуда истодааст.

Баҳри пешрафти соҳа ва беҳтар гардидани  сифати хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, роҳандозӣ намудани усулҳои муосир ва нодири ташхису табобати бемориҳо, муҷаҳҳаз гардонидани муассисаҳои тандурустии давлатӣ ва хусусӣ бо муосиртарин таҷҳизоти ташхисӣ чораандешиҳо идома доранд.

Хизматрасонии тиббӣ дар ҷумҳурӣ тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2008, №600 «Дар бораи Тартиби  хизматрасониии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ» ба роҳ монда шуда, ҷиҳати  баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ, ба стандарҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани он ва таъмини соҳа бо кадрҳои баландихтисос як қатор барномаҳо, аз ҷумла Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ дар шаҳру ноҳияҳои таҷрибавии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2022, Барномаи тайёр намудани кадрҳои тиббӣ барои давраи то соли 2030, Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак барои солҳои 2020-2025, Барномаи давлатии рушди саноати дорусозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул ва амалӣ шуда истодаанд.

Заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи тандурустӣ низ ташаккул ёфта, санадҳои қонунгузории соҳа мавриди бозбинӣ қарор дода шуд. Соли 2017 Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси он чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва қабул гардидаанд.

Новобаста аз ин, тадбирҳои амалигардида ҳоло ҳам кофӣ набуда, вазъи хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тандурустӣ беҳбудиро тақозо мекунад.

Бинобар ин, ба мақсад мувофиқ дониста шуд, ки Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар вазорату идораҳои дахлдор диққати асосиро ба  хизматрасонии тиббии сифатноку ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ, масъалаҳои мубрами ин самти бисёр муҳим, камбудиву мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои ҳалли онҳо, пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, пешниҳоду таклифҳо ҷиҳати такмили заминаҳои ҳуқуқии соҳа ва беҳтар намудани фаъолият дар ин самт, равона намоянд.

Аз натиҷаи муҳокимаи парламентӣ вобаста ба масъалаҳои муҳими соҳа тавсияҳо қабул гардид, ки татбиқи онҳо ба пешрафти соҳа мусоидат хоҳад кард.

ШАРИКОН: