
Субҳи имрӯз дар шаҳри Душанбе дар бинои Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ оғоз намуд.

Дар кори ҷаласаи якҷоя Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, кормандони масъули дастгоҳҳои Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.
Дар оғози кори ҷаласаи якҷоя доир ба тартиби кор, интихоби ҳайати котибот, тасдиқи рӯзнома ва инъикоси ҷараёни ҷаласаи якҷоя қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласаи якҷояи даҳум аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар хусуси тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Сатториён Матлубахон Амонзода, аз вазифаи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Давлатзода Зулфия Давлат, аз вазифаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод., инчунин, дар бораи муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Холиқзода Ҳоким Ҳикматулло, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Мансурӣ Дилрабо Сайдулло, вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Сатториён Матлубахон Амонзода ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Раҳимзода Султон Нурмаҳмадпур баррасӣ ва қабул намуданд.

Сипас, дар ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо паёми навбатии худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад намуданд.
Зимни ироаи паёми худ ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои наздику миёнамуҳлат муайян намуда, оид ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду иҷтимоиёт, аз ҷумла рушди босуръати саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маъсалаҳои мубрами таъмини амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, инчунин пешбурди самарабахши сиёсати хориҷӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

Дар идомаи кори ҷаласаи якҷоя Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ вазифаҳои навбатии мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузори кишварро бобати таҳкиму устувории пояҳои ҳуқуқии ҷомеаи ҳуқуқбунёду адолатпарвар ва фароҳам овардани заминаҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои рушду пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардиданд, баён карданд.
Бо ҳамин, ҷаласаи якҷояи даҳуми Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба кори худ анҷом бахшид.