Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

17 декабри соли 2024 таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон ҷаласаи навбатии кумитаи мазкур баргузор гардид.

Дар кори ҷаласа аъзои Кумита, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.

Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Кумита қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи почта», «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти баҳодиҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдои электронӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Нисбат ба қонунҳои зикршуда хулосаҳои дахлдори кумита қабул гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.

Паём ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон