Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
16 декабри соли 2024 ҷаласаи навбатии Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ таҳти раёсати раиси Кумита Раҳимӣ Фарҳод баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Кумита, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Кумита Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама» ва «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз натиҷаи баррасӣ ва мубодилаи афкор хулосаҳои Кумита нисбат ба масъалаҳои зикршуда қабул гардида, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.