
28 октябри соли 2024 ҷаласаи навбатии Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ таҳти раёсати раиси Кумита Раҳимӣ Фарҳод баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа аъзои Кумита, кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа аъзои Кумита Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи реклама», пешниҳодҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба категорияи деҳа мансуб донистани баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз ва Шуғнон, иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияҳои Дарвоз, Шуғнон ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» ва «Дар бораи иваз намудани номи баъзе воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Аз натиҷаи баррасӣ ва мубодилаи афкор хулосаҳои Кумита нисбат ба масъалаҳои зикршуда қабул гардида, ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд.