
25 октябри соли 2024 таҳти раёсати Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода М.Қ. дар бинои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи Кумита баргузор гардид.
Дар ҷаласа қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи собиқадорон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Оид ба ворид намудани тағйироту илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳоҷират» ва «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ» мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, аз натиҷааш хулосаҳои Кумита ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод гардид.
Дар ҷаласаи Кумита аъзои Кумита Додхудо Ф.М., Одилзода Д.Р., мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Саидзода И., кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва намояндаи воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.