ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН Дар бораи ёрии равонпизишкӣ

(АМОҶТ с. 2002, №11, мод. 753; с. 2004, №2, мод.54)

Боби1. Муқаррароти умумӣ

Моддаи 1. Мақсад ва  вазифаҳои Қонун                                                                                                                        

Қонуни мазкур барои бо ёрии тиббию иҷтимоӣ таъмин намудани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки гирифтори бемориҳои рўҳӣ мебошанд, ҷиҳати беҳтар кардани шароити зисту меҳнати онҳо, пешгирии бемориҳои рўҳӣ ва ҳифзи саломатии рўҳии аҳолӣ нигаронида шудааст. (қҷт аз 28.02.04, №44)

Вазифаҳои ин Қонун аз ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ, муқаррар намудани асосҳо ва тартиби расонидани ёрии равонпизишкӣ,  ҳимояи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз амалҳои хавфноки ин гуна беморон, ҳифзи ҳукуқи кормандони тибб ва дигар кормандон, ки ёрии равонпизишкӣ  мерасонанд, иборат аст. (қҷт аз 28.02.04, №44)

 

Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ

            Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои зерин истифода бурда мешаванд:

муассисаҳои бемориҳои рўҳӣ –  беморхонаҳои рўҳӣ ва рўҳу асаб, диспансерҳо ё марказҳои бемориҳои рўҳӣ ва рўҳу асаб, ҳуҷраи равонпизишки марказҳои саломатии шаҳрҳо ва ноҳияҳо, ки дар ҳамкории зич бо хадамоти ёрии аввалияи тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ба шахсони гирифтори бемории рўҳӣ ёрии тиббии махсусгардонидашударо мерасонанд;

            носолимии (бемории) рўҳӣ – вайрон шудани фаъолияти муътадили рўҳӣ, ки дар пастшавии қобилияти ақлӣ ва тағйирёбии возеҳи тафаккур ифода меёбад;

ёрии равонпизишкӣ — пешгирӣ намудани бемориҳои рўҳӣ, муоинаи солимии рўҳии шаҳрвандон, назорати диспансерӣ, ташхиси носолимии рўҳӣ, табобат, нигоҳубин, барқарорсозии тиббӣ ва иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ; (қҷт аз 28.02.04, №44)

намояндагони қонунӣ — шахсоне, ки ифодакунандаи манфиати  мизоҷони гирифтори бемориҳои рўҳӣ мебошанд: волидон, фарзандон, фарзандхондагон, васиён ё парасторон;

барқарорсозии тиббӣ–иҷтимоӣ – барқарорсозии саломатии беморон бо истифодабарии маҷмўи чорабиниҳои тиббӣ, иҷтимоӣ ва меҳнатӣ, барои ҷалби беморон ба меҳнат, ҳамроҳшавӣ ба ҳаёти оилавӣ ва ҷамъиятӣ;

ғайри қобили амал — аз ҷониби суд эътироф кардани ҳолати аз тарафи шахс дар натиҷаи ба бемории рўҳӣ ё камақлӣ гирифторшудан  ғайриимкон  будани дарки моҳият ва маънии   амалиёти худ ё роҳбарӣ ба он;

васояти шахси гирифтори бемории рўҳӣ — ташкил ва амалигардонидани ҳимояи шахс ва амволи каси ғайри қобили амал, ҳуқуқ ва манфиатҳои ў дар натиҷаи носолимии рўҳӣ ё камақлӣ аз ҷониби давлат.

 

Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии равонпизишикӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ёрии психиатрӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон  асос ёфта, аз  ҳамин Қонун, дигар санадҳои меъёрию ҳукуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон   ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад. (қҷт аз 28.02.04, №44)

Моддаи 4. Принсипҳои расонидани ёрии тиббӣ ба беморони рўҳӣ

Ёрии равонпизишкӣ аз ҷониби давлат кафолат дода шуда,  дар асоси принсипҳои раҳму шафқат, башардўстӣ ва адолати иҷтимоӣ ба амал бароварда мешавад ва аз ҳуқуқи ҳар инсон оиди ҳифзи саломатӣ, инчунин вазифаҳои асосии табиб, ки расонидани ёрӣ ба бемор ва дар фаъолияти худ пайравӣ намудан ба қарзи табибӣ ва одоби касбӣ мебошад, бармеояд. (қҷт аз 28.02.04, №44)

 

Моддаи 5. Ҳуқуқҳои бемориҳои равонӣ

Бемориҳои равонӣ дорои тамоми ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст. Ҳукуқу озодиҳои бемориҳои равонӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Қонун ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд карда мешаванд. (қҷт аз 28.02.04, №44)

Ба шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ чунин кафолатҳо дода мешавад:

-гирифтани маълумот дар бораи ҳуқуқҳои худ;

-муносибати боэҳтиромона ва башардўстона, ки таҳқири шаъну эътибори инсонро истисно мекунад;

— додани розигии пешакӣ ва даст кашидан дар ҳама зинаҳо аз истифодаи онҳо ба сифати объекти озмоиши маводҳо ва усулҳои тиббӣ ва тадқиқотҳои илмӣ;

-маълумот дар бораи хусусияти бемории рўҳӣ ва усулҳои табобати он;

-истифодаи восита ва роҳу усулҳои табобат вобаста ба хулосаи ташхис, хислати ранҷуриҳои руҳӣ ва дастовардҳои илми тибби замонавӣ, ки мақомоти тандурустӣ иҷозат додааст;

-гузаронидани табобат дар шароити дармонгоҳӣ ва беморхонагӣ бо истифодаи усулҳои бошафқатона аз рўи имкон дар маҳалли зисти бемор ;

-имконияти даст кашидан аз муоина ва табобат, агар шахс ба қабули қарорҳои бошуурона қодир бошад;

-нигоҳ доштан дар муассисаи табобати беморхонагӣ танҳо ба мўҳлате, ки барои муоина ва табобат зарур аст;

— расонидани ёрии табобатӣ ва иҷтимоӣ дар шароите, ки ба талаботи санитарию гигиенӣ мувофиқат карда, шаъну эътибори инсониро паст намекунад;

-табобати санаторию курортӣ тибқи нишондодҳои тиббӣ;

-ҳуқуқи даъвати ҳар кадом табиби бемориҳои рўҳӣ ҷиҳати иштирок дар кори комиссия вобаста ба масъалаҳое, ки ҳамин Қонун танзим мекунад;

-гирифтани ёрии иҷтимоӣ ва нафақа аз давлат;

-ҳуқуқи шахсан ё бо ҳамроҳии дигарон ба мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо муроҷиат намудан;

— ёрии адвокат, намояндаи қонунӣ, инчунин шахси дигари ваколатдор тибқи тартиби муқараркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шаҳрвандони  хориҷӣ ва шахсони бетабааи дар қаламравӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳангоми ёрии равонпизишкӣ аз ҳама ҳукуқҳое, ки Қонуни мазкур барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, ба шарте, ки дар шартномаҳои байналмилалӣ дигар меъёр наомада бошад, истифода мебаранд.

Мавҷуд будани бемории рўҳии доимӣ барои гирифтани имтиёзҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ҳуқуқ медиҳад. (қҷт аз 28.02.04, №44)

 

Моддаи 6. Маҳдуд кардани ҳуқуқҳои шахсони гирифтори бемории рўҳӣ

Ғайри қобили амал эътироф кардани шахси гирифтори бемории рўҳӣ, танҳо аз ҷониби суд тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Аз ҷониби шахсони дар натиҷаи бемории рўҳӣ муваққатан ғайри қобили амал эътирофшуда, анҷом додани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбии вобаста ба манбаи  хатари зиёд, бо қарори комиссияҳои тиббӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Номгўи бемориҳои рўҳиро, ки монеаи амалӣ кардани намудҳои алоҳидаи фаъолияти касбӣ ва фаъолияти бо хатари зиёд алоқаманд мебошанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. Номгўи зикргардида бо дарназардошти таҷрибаи ҳосилшуда ва дастовардҳои илмӣ давра ба давра (на камтар аз як маротиба дар 5 сол ) аз нав баррасӣ мегардад.

Танҳо дар асоси муоинаи табиби бемориҳои рўҳӣ, таҳти мушоҳидаи диспансерӣ қарор доштан, дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ ё муассисаҳои рўҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ будан, маҳрум намудани ҳуқуқ ва маҳдуд намудани манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемории рўҳӣ манъ аст.

 

Моддаи 7. Ихтиёрӣ будани муроҷиат барои гирифтани ёрии тиббии рўҳӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ

Ёрии тиббии рўҳӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ дар мавриди ихтиёран муроҷиат намудан ё бо розигии онҳо расонида мешавад.

Ба ноболиғон ва шахсоне, ки ғайри қобили амал эътироф шудаанд, ёрии тиббии рўҳӣ бо хоҳиш ё розигии намояндагони қонунии онҳо расонида мешавад.

Розигии шахси гирифтори бемории рўҳӣ ё намояндаи қонунии ў барои расонидани намудҳои алоҳидаи ёрии тиббии рўҳӣ танҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун талаб карда намешавад.

 

            Моддаи 8. Ўҳдадории нигоҳ доштани сирри тиббӣ

Ҳайати кормандони тиббие, ки ба онҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар бораи бемориҳои рўҳии шаҳрвандон маълумот дода мешавад, ўҳдадоранд сирри тиббиро нигоҳ доранд.

Маълумот дар бораи ҳолати рўҳии шаҳрвандон, воқеияти муроҷиат барои ёрии тиббии рўҳӣ ва табобат дар муассисаи бемориҳои рўҳӣ танҳо бо дархости хаттии муассисаҳои рўҳӣ ва рўҳу асаб, мақомоти болоии тандурустӣ, мақомоти тафтишотӣ ва судӣ маълум карда мешавад.

Барои ба амал баровардани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахсони гирифтори бемории рўҳӣ бо хоҳиши ў ва бо хоҳиши намояндаи қонунии вай мумкин аст дар бораи ҳолати саломатии рўҳии шахси мазкур ва дар хусуси расонидани ёрии тиббии рўҳӣ ба ў маълумот пешниҳод карда шавад.

 

Моддаи 9. Ташхис ва табобати шахсони  гирифтори бемориҳои рўҳӣ

Ташхиси бемории рўҳӣ мувофиқи стандартҳо ва таснифҳои (классификатсияҳои) маъмули байналмиллалӣ муқаррар карда мешавад.

Барои ташхис ва табобати шахсони гирифтори бемории рўҳӣ восита ва усулҳои тиббие истифода карда мешаванд, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон  иҷозат дода шудаанд.

Восита ва усулҳои тиббӣ танҳо бо мақсадҳои ташхис ва табобат, мувофиқи хусусияти беморӣ истифода гардида, барои ҷазо додан ба шахсони гирифтори бемории рўҳӣ ё ба манфиати шахсони дигар набояд истифода карда шаванд.

 

Моддаи 10. Намояндагии манфиатҳои қонунии шахсоне, ки  ба онҳо ёрии тиббии рўҳӣ  расонида мешавад

Ҳангоми расонидани ёрии тиббии рўҳӣ шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ ҳуқуқ доранд бо хоҳиши худ тибқи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуниашон адвокат ё дигар шахси ваколатдорро даъват намоянд.

Роҳбари муассисае, ки ёрии тиббии рўҳӣ мерасонад, иштироки  адвокатро дар давоми 48 соат, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун, таъмин менамояд.

Намояндагони дар қисми якуми ҳамин модда зикршуда ҳуқуқ доранд аз лаҳзаи муроҷиат ҳар вақт ба иҷрои ўҳдадориҳои худ шурўъ намоянд, бо шахсе, ки манфиатҳои ўро ҳифз менамояд муроҷиат кунанд, маълумоти вобаста ба тадбирҳои тиббӣ ва дигар тадбирҳои нисбат ба ин шахс анҷомёфтаро ба даст оранд. Инчунин адвокат ҳуқуқ дорад, ки бо ҳуҷҷатҳои тиббӣ шинос шавад.

Ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ноболиғон ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшударо намояндагони қонунии онҳо ба амал мебароранд, ки барои ин мақсадҳо инчунин ҳуқуқ доранд адвокат ва шахси дигари ваколатдорро бо салоҳдиди худ даъват намоянд.

Барои ноболиғон-волидон, фарзандхондагон, васиён ё парасторони онҳо ва барои шахсони тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ғайри қобили амал эътирофшуда бошад, васиёни онҳо ва ё роҳбарони муассисае, ки ёрии тиббии рўҳӣ  мерасонад, намояндагони қонунии онҳо мебошанд.

Ҳангоми анҷом додани аҳдҳои гражданӣ ё дигар амали дорои хусусияти  амволӣ, намояндагӣ тибқи тартиби муқарарнамудаи қонунгузории гражданӣ ва мурофиавии гражданӣ ба амал  бароварда мешавад.

Моддаи 11. Экспертизаи судию тиббии рўҳӣ ва тибқи таъиноти суд истифода бурдани чораҳои  маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ

Экспертизаи судию рўҳӣ доир ба парвандаҳои ҷиноятӣ ва гражданӣ тибқи асос ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории мурофиавӣ анҷом дода мешвад.

Бо таъиноти  суд маҷбуран табобат намудани шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ, ки кирдори барои ҷамъият хавфноки дар қонунгузории ҷиноятӣ пешбинигардидаро содир намудаанд, тибқи асос ва тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятӣ сурат гирифта, ба таври беморхонагӣ дар муассисаҳои бемориҳои руҳӣ, табобатию пешгирикунандаи мақомоти тандурустӣ, ба амал бароварда мешавад.

Шахсоне, ки бо қарори суд дар бораи истифодаи чораҳои маҷбурии дорои  хусусияти тиббӣ, дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ ҷой дода шудаанд, аз ҳуқуқҳои пешбиникардаи моддаи 33 ҳамин Қонун  истифода мекунанд. Онҳо дар тамоми давраи дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ буданашон корношоям дониста шуда, тибқи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ ба гирифтани кўмакпулӣ ё нафақа дар асосҳои умумӣ ҳуқуқ доранд.

Суд  чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббиро тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин менамояд.

 

Моддаи 12. Муоинаи тиббии рўҳӣ барои ҳалли масъалаи  муносиб будан ба хизмати ҳарбӣ

Асос ва тартиби муоинаи дармонгоҳӣ ва беморхонавии бемориҳои рўҳӣ ҳангоми ҳалли масъалаи аз ҷиҳати саломатии рўҳӣ муносиб будани шаҳрванд ба хизмати ҳарбӣ, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ўҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тартиби гузаштани  хизмати ҳарбиро танзим мекунанд, инчунин бо ҳамин Қонун муайян карда мешавад.

 

Моддаи 13.  Розигӣ барои табобат

Табобати шахси гирифтори бемории  рўҳӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки қисми сеюми ҳамин модда пешбинӣ намудааст, баъд аз ба тарзи хаттӣ гирифтани розигии ў ва ё намояндаи қонунии ў, ки он ҳамроҳи  ҳуҷҷатҳои тиббӣ нигоҳ дошта мешавад, гузаронида мешавад.

Табиб вазифадор аст, ки ба шахси гирифтори бемории рўҳӣ ё намояндаи қонунии ў дар бораи хусусияти бемории рўҳии вай, мақсад ва усулҳои табобат, аз ҷумла алтернативӣ ва давомнокии табобати тавсияшаванда, хавфи имконпазир, таъсири иловагии номатлуб ва натиҷаҳои дар назар дошташудаи табобат, маълумот пешниҳод намояд.

Табобат мумкин аст бе розигии шахси гирифтори бемории рўҳӣ ё  намояндаи қонунии ў танҳо ҳангоми истифодаи чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ бо қарори суд, инчунин  тибқи асосҳои дар моддаи 28 ҳамин Қонун пешбинигардида, гузаронида шавад.

Нисбат ба шахсоне, ки дар қисми сеюми ҳамин модда нишон дода шудаанд, барои табобати бемориҳои рўҳӣ истифода намудани усулҳои ҷарроҳӣ ва дигар усулҳо, ки боиси оқибатҳои бебозгашт мегарданд, инчунин гузаронидани санҷиши воситаҳо ва усулҳои тиббӣ, иҷозат дода намешавад.

 

Моддаи 14. Даст кашидан аз табобат

Шахси гирифтори бемории рўҳӣ ё намояндаи қонунии ў ҳуқуқ доранд аз табобати пешниҳодшаванда даст кашанд, ё ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қисми сеюми модаи 13 ҳамин Қонун, онро қатъ намоянд.

Ба шахсе, ки табобатро рад кардааст ё ба намояндаи қонунии ў бояд оқибатҳои имконпазири дасткашӣ ё қатъ кардани табобат фаҳмонда дода шавад. Даст кашидан аз табобат барои аз беморхона ҷавоб додан асос шуда метавонад.

            Дасткашӣ аз табобат бо тарзи хаттӣ, бо имзои шахси гирифтори бемории рўҳӣ ё намояндаи қонунии вай, равонпизишк, бо зикри маълумоти мухтасар дар бораи оқибатҳои имконпазири дасткашӣ аз табобат, ба расмият дароварда мешавад. (қҷт аз 28.02.04, №44)

 

Моддаи 15. Ҳамкории муассисаҳои ёрии тиббии рўҳӣ бо  мақомоти корҳои дохилӣ

Муассисаҳои рўҳӣ ва рўҳу асаби мақомоти тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф ва дигар  идораҳое, ки чунин муассисаҳо доранд, дар якҷоягӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд барои расонидани ёрии тиббии рўҳӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ, пешгирии содир намудани  кирдори барои худи онҳо ва  атрофиён хавфнокбуда  ҳамкорӣ намоянд.

Дар сурати даст кашидан аз табобат, тибқи моддаи 14 ҳамин Қонун ин муассисаҳо вазифадоранд фавран ба мақомоти корҳои дохилӣ хабар диҳанд.

 

Боби II. Таъмини ёрии тиббии рўҳӣ ва ҳифзи иҷтимоии

шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ

 

Моддаи 16. Ёрии тиббии рўҳӣ ва ҳифзи иҷтимоие,  ки давлат кафолат медиҳад

Аз ҷониби давлат кафолатҳои зайл дода мешавад:

  • ёрии тиббии рўҳии таъхирнопазир;
  • ёрии машваратию ташхисӣ, табобатӣ, пешгирикунанда, барқарорсозии саломатӣ дар шароити беморхона ва берун аз он;
  • тамоми намудҳои экспертизаи бемориҳои рўҳӣ, муайян кардани корношоямии муваққатӣ;
  • нафақа, ёрии иҷтимоию маишӣ ва мусоидат оид ба кор таъминкунӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ;
  • ҳалли масъалаҳои васоят;
  • маслиҳат доир ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои ёрии ҳуқуқӣ дар муассисаҳои бемориҳои рўҳӣ ва рўҳу асаб;
  • беҳтар кардани шароити иҷтимоию маишии маъюбон ва пиронсолон, ки гирифтори бемориҳои рўҳианд, ҳамчунин нигоҳубини онҳо;
  • таълими маъюбон ва ноболиғони гирифтори бемориҳои рўҳӣ.

Таъмини ёрии тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ бо тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

Бо тамоми намудҳои ёрии тиббии рўҳӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таъмин намудани шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор, инчунин мақомоти ҳокимияти иҷроияи дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) мутобиқи салоҳияти онҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, анҷом дода мешавад.

 

 

 

Моддаи 17. Маблағгузории ёрии тиббии рўҳӣ

Маблағгузории фаъолияти муассисаҳои ёрии тиббии рўҳии давлатӣ аз ҳисоби буҷети давлатии барои соҳаи тандурустӣ ҷудошуда ва манбаҳои дигаре, ки истифодаи онҳо хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нест,  анҷом дода мешавад.

 

Боби III. Муассиса ва шахсоне, ки ёрии тиббии рўҳӣ мерасонанд.

ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони тиб ва дигар мутахассисон

 

Моддаи 18. Муассиса ва шахсоне, ки ёрии тиббии рўҳӣ мерасонанд

Ёрии тиббии рўҳиро муассисаҳои бемориҳои рўҳӣ (рўҳу асаб) новобаста аз шакли моликияташон дар ҳамкории зич бо хадамоти маҳалии ёрии аввалияи тиббию санитарӣ ва мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ мерасонанд.

Муассисаҳои давлатӣ, ғайридавлатии бемориҳои рўҳӣ (рўҳу асаб) ва табибони хусусии бемориҳои рўҳӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ёрии тиббии рўҳиро мерасонанд.

Барои ташхиси бемориҳои рўҳӣ, расонидани ёрии аввалияи тиббии рўҳӣ, табобати ҳолатҳои рўҳафтодагӣ табибони таҷрибаи  умумӣ (табибони тибби оилавӣ) дар соҳаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тайёрии махсус гузаштаанд, ҳуқуқ доранд.

Муқаррар намудани ташхиси бемории рўҳӣ, қабули қарор ва додани хулоса барои суд, баррасӣ намудани масъалаи расонидани ёрии ғайриихтиёрии  тиббии рўҳӣ ҳуқуқи мустаснои коммисияи табибони бемориҳои рўҳӣ мебошад.

 

Моддаи 19. Мустакилияти равонпизишк ҳангоми расонидани ёриҳои тиббии рўҳӣ

равонпизишк ҳангоми муқаррар намудани ташхиси бемор ва иҷрои вазифае, ки бо расонидани ёрии тиббӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ ба пешгирии имкони содир кардани амали барои ҷомеа хавфнок аз ҷониби онҳо вобаста аст, дар қабули қарор мустақил буда, танҳо нишондодҳои тиббӣ, қарзи табибӣ ва қонунро дастури амал қарор медиҳад. (қҷт аз 28.02.04, №44)

Дар сурати бо фикри аъзои комиссия номувофиқ будани фикри равонпизишк вай ҳуқуқ дорад  фикрашро хаттӣ баён кунад, ки он ба ҳуҷҷатҳои тиббӣ ҳамроҳ карда мешавад.

 

Моддаи 20. Кафолат ва имтиёзҳои табибони бемориҳои рўҳӣ, табибони ихтисосҳои дигар, ҳайати тиббӣ ба дигар ҳайат, ки дар расонидани ёрии тиббии рўҳӣ ширкат меварзанд

Табибони бемориҳои рўҳӣ, табибони ихтисосҳои дигар ҳайати тиббӣ ва дигар ҳайат, ки дар расонидани ёрии тиббии рўҳӣ ширкат меварзанд бо имтиёзҳои муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои шахсони ба фаъолият  дар шароити махсуси меҳнат машғул ҳуқуқ дошта, инчунин дар мавридҳои расонидани зарар ба саломатии онҳо ё фавт ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ бояд таҳти суғуртаи ҳатмии давлатӣ қарор дода шаванд.

Дар сурати расонидани зарар ба саломатӣ, ки боиси муваққатан  гум кардани қобилияти кории шахси дар расонидани ёрии тиббии рўҳӣ ширкатварзида  шудааст, инчунин ҳангоми фаро расидани маъюбӣ ба ў ва дар ҳолати фавти вай бошад ба ворисонаш товони зарар, ҳимояи иҷтимоии кормандони муассисаҳои бемориҳои рўҳии давлатӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

Боби IV. Намудҳои ёрии тиббии рўҳӣ ва тартиби расонидани он

Моддаи 21. Намудҳои ёрии тиббии рўҳӣ

Ёрии тиббии рўҳӣ дар намудҳои зерин расонида мешаванд:

  • азназаргузаронии аввалияи тиббии рўҳӣ;
  • ёрии дармонгоҳии тиббии рўҳӣ;
  • ёрии беморхонавии тиббии рўҳӣ;
  • ёрии тиббию иҷтимоӣ дар муассисаҳои рўҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ.

Моддаи 22. Азназаргузаронии  аввалияи тиббии рўҳӣ

Азназаргузаронии  аввалияи тиббии рўҳӣ аз ҷониби равонпизишк муоина намудани шахсе мебошад, ки қаблан ёрии тиббии рўҳӣ нагирифтааст ё аз назорати доимӣ озод карда шудааст.

Азназаргузаронии  аввалияи тиббии рўҳӣ барои муайян кардани мавҷудияти  бемории рўҳӣ ва зарурати расонидани ёрии тиббии рўҳӣ гузаронида мешавад.

Азназаргузаронии  аввалияи тиббии рўҳӣ ҳамчунин дар ҳолатҳое гузаронида мешавад, ки амали шахс метавонад, ки:

а) боиси расонидани зарари воқеӣ ба саломатии ў шавад ё метавонад ба ў ва атрофиёнаш зарари ҷиддии маънавӣ ё моддӣ расонад;

б) боиси хавфнокии он барои худ ва атрофиён гардад.

Дар ин ҳолатҳо қарор дар бораи азназаргузаронии тиббии рўҳии  шахс аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рўҳӣ ё суд қабул карда мешавад.

Аз рўи натиҷаи азназаргузаронии тиббии рўҳӣ дар бораи ҳолати саломатии рўҳии шахс хулоса дода мешавад.

 

Моддаи 23. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию  пешгирикунандаи бемориҳо, ки ёрии  дармонгоҳии тиббӣ ба бемориҳои рўҳӣ мерасонанд

Муассисаҳои табобатию пешгирикунандаи бемориҳои рўҳие, ки ёрии дармонгоҳии тиббӣ ба бемориҳои рўҳӣ мерасонанд, ин корҳоро ба амал мебароранд:

  • азназаргузаронии аввалияи тиббии рўҳӣ;
  • ёрии машваратию ташхисӣ, табобатӣ ва пешгирикунандаи бемориҳои рўҳӣ;
  • назорати диспансерӣ;
  • ёрии иҷтимоию маишӣ ва ҳуқуқӣ;
  • муайян намудани корношоямии муваққатӣ;
  • иштирок дар ҳалли масъалаҳои васоят ва дар ҳолатҳои зарурӣ анҷом додани ин амал нисбат ба шахсоне, ки ғайри қобили амал эътироф шудаанд;
  • ҳамкорӣ бо беморхонаҳои бемориҳои рўҳӣ доир ба масъалаҳои дар беморхона хобонидан, ҷавоб додан ва таҳти назорати минбаъда гирифтан, инчунин муттасилӣ дар табобат ва омодагардонии меҳнатии шахсоне, ки гирифтори бемориҳои рўҳианд;
  • ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар кори пешгирии кирдори барои ҷомеа хавфноки шахсони рўҳан бемор;
  • ҳамкорӣ бо табибони таҷрибаи умумӣ (табибони оилавӣ) дар соҳаи ёрии аввалияи тиббию санитарӣ доир ба масъалаҳои ташхиси бемориҳои рўҳӣ ва расонидани ёрии таъҷилӣ ҳангоми сар задани ин гуна бемориҳо.

 

Моддаи 24. Намудҳои ёрии дармонгоҳии бемориҳои равонӣ

Ёрии дармонгоҳии бемориҳои равонӣ ба шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ вобаста ба нишондодҳои  тиббӣ дар шакли ёрии маслиҳатию табобатӣ ё назорати диспансерӣ расонида мешавад.

Ёрии маслиҳатию табобатӣ танҳо бо тарзи ихтиёрӣ, ҳангоми муроҷиати мустақилонаи шаҳрвандон бо хоҳиш ё бо розигии онҳо ва нисбат ба ноболиғон бошад, бо хоҳиш ё розигии волидонашон ё намояндагони қонунӣ расонида мешавад. (қҷт аз 28.02.04, №44)

 

Моддаи 25. Назорати диспансерӣ

Назорати диспансерӣ нисбат ба шахсони гирифтори бемориҳои рўҳии доимӣ ва давомдор муқаррар карда мешавад.

Назорати диспансерии қаблан муқарраргардида дар ҳолатҳои шифо ёфтан ё ба таври назаррас ва устувор беҳтар шудани ҳолати рўҳӣ қатъ мегардад. Пас аз қатъ гардидани назорати диспансерӣ ёрии тиббии рўҳӣ бо хоҳиши бемор дар шакли маслиҳатию табобатӣ расонида шуда, бемор таҳти назорати хадамоти ёрии аввалияи тиббӣ қарор мегирад.

Қарор дар бораи зарурати муқаррар намудан ё қатъи назорати диспансерии бемор аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рўҳии аз тарафи мақомоти дахлдори нигоҳдории тандурустӣ таъингардида, қабул карда мешавад.

Қарори асосноки аъзоёни комиссия бо қайди лозимӣ дар варақаи тиббии бемори дармонгоҳ ба расмият дароварда мешавад. Аз болои қарор дар бораи муқаррар ё қатъ кардани назорати диспансерӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 26. Вазифаҳои муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо, ки ёрии беморхонавии тиббии рўҳӣ  мерасонанд

Муассисаҳои табобатию пешгирии бемориҳо, ки ёрии беморхонавӣ  мерасонанд, ин амалҳоро анҷом медиҳанд:

  • табобат ва барқарорсозии иҷтимоию меҳнатии шахсони гирифтори бемориҳои рўҳӣ;
  • муоинаи клиникии шахсони дар беморхона хобонидашуда барои муайян кардани ҳолати саломатии рўҳии онҳо ва муқаррар намудани ташхис;
  • гузаронидани намудҳои гуногуни экспертизаи тиббии рўҳӣ;
  • ёрии иҷтимоию маишӣ.

Ёрии беморхонавӣ дар шароити таъминкунандаи амнияти шахси дар беморхона хобонидашуда ва дигар шахсон бо иҷрои бечунучарои қоидаҳои муқарраргардидаи муносибат бо шахсони дар беморхона хобонидашуда, риояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо аз ҷониби ҳайати тиббӣ ба амал бароварда мешавад.

 

Моддаи 27. Асосҳо барои хобонидан дар беморхонаи  бемориҳои рўҳӣ

Мавҷуд будани бемории рўҳӣ, ки муоина ё табобатро тақозо намуда, дар шароити дармонгоҳӣ (берун аз беморхона) гузаронидани онҳо имконнопазиранд, барои дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ хобонидани шахс асос шуда метавонад.

Ҷой додани шахс дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи моддаи 28 ҳамин Қонун, ихтиёран — бо хоҳиши ў ё бо розигии  ў анҷом дода мешавад.

Шахсе, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун ғайри қобили амал эътироф шудааст, дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ бо хоҳиш ё розигии намояндаи қонунии ў ҷой дода мешавад. Дар ҳолати норозӣ будани яке аз волидон ё ҳангоми ҳузур надоштани онҳо ё  дигар намояндаи қонунӣ ҷой додани ноболиғ  дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ бо қарори мақомоти васоят ва парасторӣ сурат мегирад, ки аз болои он ба суд шикоят кардан мумкин аст.

Розигии барои дар беморхона хобонидан гирифташуда бо сабт дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ ба расмият дароварда шуда, бо имзои шахс ё намояндаи қонунии ў ва табиби бемориҳои рўҳӣ тасдиқ карда мешавад.

 

Моддаи 28. Ба таври таъҷилӣ дар  беморхонаи бемориҳои  рўҳӣ хобонидани шахсоне, ки қобилияти дарк намудани қарори бошуурона қабул карданро аз  даст додаанд

Шахсе, ки гирифтори бемории возеҳи рўҳӣ гардида, қобилияти қарори бошуурона қабул карданро аз даст додааст ва бинобар ҳолати рўҳӣ барои худ ва атрофиён хавфнок аст, ё шахсе, ки бо табобат ва ёрии тиббии рўҳӣ фаро нагирифтани он боиси хатар ба саломатии ў ва расонидани зарари ҷиддии маънавӣ ва моддӣ ба атрофиён мегардад,  бо қарори равонпизишк бе розигии бемор ва намояндаи қонунии вай дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ хобонида мешавад.

Асоснокии дар беморхона хобонидан дар чунин ҳолатҳо бояд аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рўҳӣ тибқи тартиби пешбининамудаи моддаи 30 ҳамин Қонун тасдиқ карда шавад.

Моддаи 29. Тадбирҳои таъминкунандаи бехатарӣ ҳангоми расонидани ёрии тиббии рўҳӣ

Ҳангоми ғайриихтиёрӣ хобонидан ва ба беморхонаи бемориҳои рўҳӣ овардани бемор тадбирҳои зўран нигоҳдорӣ танҳо дар ҳолатҳо ва муддате истифода мегарданд, ки агар пешгирии расонидани зарари бевосита ва ногузир ба бемор ва дигар шахсон бо усулҳои дигар имконнопазир бошад.

Дар бораи шаклҳо ва вақти истифодаи тадбирҳои маҳдудкунии ҷисмонӣ ё ҷудонигоҳдорӣ, дар ҳуҷҷатҳои тиббӣ сабти дахлдор карда мешавад.

Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вазифадоранд, ки ба кормандони тиб ҳангоми азназаргузаронии маҷбурӣ ва хобонидани маҷбурӣ мусоидат карда, бехатарии шароити дастрасии хобонидашудагонро таъмин намоянд. Дар ҳолати таҳдид ба ҳаёту саломатии атрофиён аз ҷониби беморони рўҳии хобонидашуда ва ҳамчунин  ҳангоми зарурияти кофтукоб ва дастгир кардани шахсоне, ки хобонида мешаванд, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  бояд амал намоянд.

 

Моддаи 30. Азназаргузаронии комиссионии шахсони бе розигиашон дар беморхона хобонидашуда

Шахсоне, ки дар беморхона бо тартиби пешбининамудаи моддаи 28  ҳамин Қонун қабул гардидаанд, дар давоми 72 соат аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рўҳӣ бояд ҳатман мавриди азназаргузаронӣ қарор дода шаванд. Дар ин ҳолат комиссия бояд дар бораи асоснокии дар беморхона хобонидан ё дар хусуси мавҷуд набудани асосҳои кофӣ  барои ин амал қарор қабул намояд. Агар дар беморхона хобонидан берозигӣ беасос дониста шавад ва бистаригардида хоҳиши дар беморхона монданро надошта бошад, ў  фавран бояд ҷавоб дода шавад. Агар дар беморхона берозигӣ хобонидан асоснок дониста шавад, хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рўҳӣ дар бораи ҳалли масъалаи минбаъд нигоҳ доштани шахс дар муассисаи бемориҳои рўҳӣ дар давоми 24 соат ба суди маҳалли ҷойгиршудаи он  фиристода мешавад.

Минбаъд азназаргузаронии комиссиявӣ ҳар моҳ дар ҷараёни ним сол бо мақсади муайян кардани зарурати давом додани табобат дар беморхона гузаронида мешавад.

Пас аз шаш моҳи дар беморхона ҷой додани шахси бемор, хулосаи комиссия дар бораи зарурияти табобати минбаъда дар беморхона бе розигии вай аз ҷониби роҳбари беморхона ба суд, ки бо таъиноти худ метавонад табобати беморхонавиро дароз намояд, фиристода мешавад. Минбаъд дароз намудани мўҳлати табобати беморхонавӣ ҳар 6 моҳ аз ҷониби суд амалӣ карда мешавад. Тартиби мазкур инчунин нисбат ба шахсоне, ки бо таъиноти суд маҷбуран табобат меёбад, татбиқ мегардад.

 

Моддаи 31. Тартиби баррасӣ ва  қарори суд оиди берозигӣ дар беморхона хобонидан

Аризаро оиди асоснокии хобонидани шахс берозигии ў  дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ ба суд намояндаи муассисаи бемориҳои рўҳие, ки дар он шахс хобидааст, медиҳад.

Ба аризаи мазкур, ки дар он мутобиқи нишондоди Қонун асоснокии хобонидан дар муассисаи бемориҳои руҳӣ омадааст, хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рўҳӣ доир ба зарурияти нигоҳ доштани шахс дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ, илова карда мешавад.

Суд дар давоми  на камтар аз се рўз оиди дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ минбаъд нигоҳдоштан ва ё ҷавоб додани шахс бояд қарор қабул намояд.

Дар сурати ғайри имкон будани иштироки шахс вобаста ба ҳолати руҳиаш дар баррасии ариза прокурор, намояндаи муассисаи бемориҳои рўҳӣ ва намояндаи қонунии шахсе, ки нисбати вай масъала ҳал карда мешавад, ҳатман бояд иштирок намоянд.

Барои хобонидан ва ё минбаъд нигоҳ доштаи шахс дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ қарори суд асос мешавад.

Аз болои қарори суд дар давоми даҳ рўз шахси дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ хобонида шуда, намояндаи қонунии вай, роҳбари муассисаи бемориҳои рўҳӣ  ва ё прокурор тибқи тартиби муқарраркардаи Кодекси гарждании мурофиавӣ,  метавонанд шикоят намоянд.

 

Моддаи 32. Огоҳсозӣ дар бораи хобонидани шахс дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ

Ба шахси дар беморхона хобонидашуда, агар ҳолати рўҳии ў имкон диҳад, бояд аз ҷониби маъмурияти беморхонаи бемориҳои рўҳӣ асос ва мақсади дар беморхонаи рўҳӣ ҷой додани ў фаҳмонида шавад. Дар давоми 24 соат хешовандон ё намояндаҳои қонунии вай дар бораи ба беморхона хобонидани ў бояд расман ва хаттӣ хабардор карда шаванд. Ба шахси дар беморхона хобонидашуда, ба хешовандон ё намояндаи қонунии ў тартиби шикоят кардани қарор дар бораи ҷой додан дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ фаҳмонда мешавад.

 

Моддаи 33. Ҳуқуқ ва вазифаҳои шахсони дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ хобонидашуда

Ҳамаи шахсони барои табобат ё тафтиш дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ буда дорои ҳуқуқҳои зайл мебошанд, ки аз ҷониби табиби табобаткунанда ва мудири шўъба танҳо ҳангоми зарурати фавқуллода ба манфиати саломатӣ ё бехатарии худи бемор ё шахсони дигар маҳдуд карда мешаванд:

  • истифода аз рухсатии табобатӣ;
  • мукотиба дар шароите, ки сензураро истисно менамояд;
  • пазироии аёдаткунандагон дар рўзҳои қабул;
  • гирифтани фиристода ва муросилот;
  • доштан ва ба даст овардани маводи зарурати аввалия.

Шахсони дар беморхона хобонидашуда, ки аз рўи ҳолати рўҳии худ ба қабули қарори бошуурона қобилият доранд, ўҳдадоранд қоидаҳои тартиби дохилии барои беморхонаҳои бемориҳои  рўҳӣ муқарраргардидаро риоя намоянд.

Моддаи 34. Ҷавоб додан аз беморхонаи бемориҳои рўҳӣ

Барои аз беморхонаи бемориҳои рўҳӣ ҷавоб додани шахс ин ҳолатҳо асос мешаванд:

  • шифо ёфтан ё беҳтар шудани ҳолати рўҳӣ, ки табобати минбаъдаи беморхонавиро талаб намекунад;
  • анҷом ёфтани муоина ё экспертиза, ки сабаби ҷой додан дар беморхона мебошад;
  • хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рўҳии муассисаи табобатию пешгирии бемориҳо ё мақомоти тандурустӣ дар бораи вуҷуд надоштани асосҳо барои маҷбуран хобонидани  шахсе, ки ба муқобили ҷой додан дар беморхона эътироз кардааст;
  • аризаи шахсии бистаригардида ё намояндаи қонунии ў дар бораи ҷавоб додан, агар хобонидан дар беморхона ихтиёрӣ сурат гирифта бошад;
  • таъиноти суд.

Ҷавоб додани беморе, ки нисбати ў бо қарори суд чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ истифода гардидаанд, танҳо бо қарори суд амалӣ мегардад.

Ҷавоб додани шахси дар беморхона ҷойдодашуда мумкин аст рад карда шавад, агар дар лаҳзаи расидани дархост дар ин бора аз ҷониби комиссияи табибони бемориҳои рўҳӣ муқаррар карда шавад, ки бинобар ҳолати рўҳии худ шахс қобилияти қабули қарори бошуурона надорад, барои худ ва атрофиён бевосита хавфнок аст ё  бетабобат мондани ў боиси  расонидани зиёни ҷиддӣ ба саломатии ў, зарари ҷиддии маънавӣ ё моддӣ ба атрофиён мегардад. Дар чунин ҳолатҳо минбаъд нигоҳ доштани шахс дар беморхона бо тартиби пешбининамудаи моддаи 30 ҳамин Қонун анҷом дода мешавад.

 

Моддаи 35. Ўҳдадориҳои  маъмурият ва ҳайати тиббии беморхонаи бемориҳои рўҳӣ

Маъмурият ва ҳайати тиббии беморхонаи бемориҳои рўҳӣ ўҳдадоранд шароитҳоро барои амалӣ кардани ҳуқуқҳои беморон, хешовандон ва намояндагони қонунии  онҳо, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, фароҳам созанд, аз ҷумла:

  • таъмини беморони беморхонаи бемориҳои рўҳӣ бо тамоми намудҳои ёрии тиббӣ;
  • таъмини шароит ҷиҳати мукотиба, фиристодани муроҷиати беморон ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ, прокуратура, суд, ҳамчунин ба адвокат;
  • хабардор кардани хешовандон ё намояндаи қонунии бемор, ҳангоми набудани онҳо бошад, ба шахси дигар бо интихоби ў дар бораи тағйиротҳои ҳолати саломатӣ ва ҳодисаҳои фавқулоддаи бо ў рўйдода;
  • таъмини бехатарии беморони беморхона, назорати таркиби муросилот ва фиристодаҳо;
  • муқаррар намудан ва ба беморони эътиқодманд фаҳмонидани қоидаҳое, ки ба манфиати дигар беморони беморхонаи бемориҳои рўҳӣ ҳангоми иҷрои расму оини динӣ бояд риоя карда шаванд ва тартиби эътиқоди динии эътиқотмандон ва атеистон;
  • иҷро намудани дигар вазифаҳое, ки ҳамин Қонун ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд.

 

Моддаи 36. Вазифаҳои муассисаҳои рўҳу асаби  мақомоти  ҳифзи иҷтимоӣ

Муассисаҳои рўҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ба пиронсолон ва маъюбон, ичунин кўдакон, ки гирифтори бемориҳои рўҳӣ буда, ба дуруст кардани шароити иҷтимоию маишӣ, нигоҳубин, ёрии тиббӣ ва назорат эҳтиёҷ доранд, ёрии тиббию иҷтимоӣ мерасонанд.

 

Моддаи 37. Асос барои ҷой додани шахс дар муассисаҳои рўҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ

Асос барои ҷой додани пиронсолон ё маъюбон аз ҷумла ноболиғон дар муассисаи рўҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рўҳии муассисаи тандурустӣ дар хусуси гирифторӣ ба бемории рўҳӣ мебошад, ки ўро аз имконияти дар муассисаи махсуснагардонидашудаи мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ будан маҳрум мегардонад.

Ҳамин гуна шахсон дар муассисаҳои рўҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ихтиёран-тибқи аризаи хаттии онҳо, ноболиғон тибқи аризаи намояндаи қонунии онҳо ва шахсони ғайри қобили амал эътирофшуда бо таъиноти суд ҷой дода мешаванд.

 

Моддаи 38. Ҳуқуқ ва вазифаҳои  шахсоне, ки дар муассисаҳои рўҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ҷой дода шудаанд

Шахсони дар муассисаҳои рўҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ҷой додашуда дорои ҳуқуқ ва вазифаҳои  шахсоне мебошанд, ки дар беморхонаи бемориҳои рўҳӣ қарор доранд.

 

Моддаи 39. Гузаронидан ба дигар муассиса ва ҷавоб додани шахс аз муассисаҳои рўҳу асаби мақомоти ҳифзи  иҷтимоӣ

Асос барои гузаронидани шахс аз муассисаҳои рўҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ ба муассисаи шабеҳи шакли умумӣ хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рўҳӣ вобаста ба набудани нишондоди тиббӣ оиди истиқомати он дар муассисаи махсусгардонидашудаи рўҳу асаб мебошад.

Асос барои ҷавоб додан аз муассисаи рўҳу асаби мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ инҳо мебошад:

  • аризаи шахсӣ ҳангоми мавҷуд будани хулосаи комиссияи табибони бемориҳои рўҳӣ дар бораи он, ки бо ин ҳолати рўҳӣ шахс қобилияти мустақилона зиндагӣ карданро дорад;
  • аризаи аъзои оила, васӣ ё парастор, ки барои анҷом додани нигоҳубини шахси ҷавобдодашуда ўҳдадор мешаванд;
  • қарори суд.

 

Боби V. Назорат ба фаъолияти расонидани ёрии тиббии рўҳӣ

 

Моддаи 40. Назорати расонидани ёрии тиббии рўҳӣ

Назорати давлатии фаъолияти ташкилоту муассисаҳо ва шахсонеро, ки ёрии тиббии рўҳӣ мерасонанд, мақомоти ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо (ҳукуматҳо) анҷом медиҳанд.

Мақомоти давлатии тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, маориф, инчунин вазорату идораҳое, ки муассисаҳои рўҳӣ ва рўҳу асаб доранд, фаъолияти муассисаҳои дар тобеияташон буда ва мақомоти тандурустӣ фаъолияти табибони хусусиро назорат мекунанд.

Аз болои қарорҳо ва ҳаракатҳои муассисаҳои бемориҳои рўҳӣ ва шахсоне, ки ёрии тиббии рўҳӣ мерасонанд, ба мақомотҳои дар қисмҳои 1ва 2-и ҳамин модда нишондодашуда, инчунин ба прокуратура ва суд шикоят кардан мумкин аст.

 

Моддаи 41. Назорати ҷамъиятӣ доир ба риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шахс ҳангоми расонидани ёрии тиббии рўҳӣ

Ҳангоми расонидани ёрии тиббии рўҳӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятии табибони бемориҳои рўҳӣ, дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ мутобиқи оинномаҳои (низомномаҳои) худ метавонанд бо хоҳиш ё бо розигии шахс назорати ҷамъиятиро, баҳри риоя намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии онҳо амалӣ гардонанд. Тартиби ташриф овардан ба муассисаҳои бемориҳои рўҳӣ ва рўҳу асаб бояд дар оинномаи (низомномаи) ин иттиҳодияҳо инъикос ёфта бошад.

Намояндагони иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ вазифадоранд, ки шартҳои ташриф оварданро бо маъмурияти муассисаҳои бемориҳои рўҳӣ ва рўҳу асаб мувофиқа карда, бо қоидаҳои амалкунандаи он шинос шаванд ва ўҳдадории паҳн накардани сирри тиббиро имзо кунанд.

 

Моддаи 42. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани ҳамин Қонун

Барои  вайрон кардани ҳамин Қонун ҷавобгарии интизомӣ, гражданӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ муқаррар карда мешавад. Асосҳо, тартиби ба ҷавобгарӣ кашидан ва оқибатҳои он тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад.

Шахсоне, ки Қонун ва принсипҳои одоби касбиро вайрон кардаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 43. Назорати прокурорӣ оиди расонидани ёрии  тиббии рўҳӣ

Назорати риояи қонуниятро зимни расонидани ёрии тиббии рўҳӣ прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурори тобеъи он ба амал мебароранд.

 

Моддаи 44. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни  мазкур

Қонуни мазкур пас аз интишори расмиаш мавриди амал қарор дода шавад.

 

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          Э.Раҳмонов

ш.Душанбе, 2 декабри соли 2002

№ 90  

 

ШАРИКОН: