ТАЪРИХИ ТАЪСИСЁБИИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Соли 1999 зарурат пеш омад, ки ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид карда шавад. Ҳамин тавр 26 сентябри соли 1999 бо тариқи райъпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия тағйироту иловаҳо ворид гардид, ки боби сеюми он аз моддаи 48 то 63 ба Маҷлиси Олӣ бахшида шуда, парламенти думаҷлисаро дар бар гирифт.

Мутобиқи моддаи 48 Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси Олӣ — парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Маҷлиси Олӣ аз ду Маҷлис — Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон иборат аст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудааст, ки  «Таъсис ёфтани парламенти думаҷлиса дар сохтори давлатдории мо дигаргунии бунёдӣ мебошад ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ имрўз ба яке аз рукнҳои боэътимоди мақоми қонунгузории кишварамон табдил ёфтаааст. Зеро мутобиқи Конститусия аз ҷониби Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ карда шудани қонунҳои қабулнамудаи Маҷлиси намояндагон кафолати муҳими қабули қонунҳои мукаммал, босифат ва ҷавобгў ба манфиати мардум мебошад».

Фаъолияти Маҷлиси миллӣ дар шакли иҷлосия сурат мегирад. Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми як моҳи баъди интихоботи аъзои Маҷлиси миллӣ даъват ва дар он иштирок мекунад.

Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати дуюм 17 апрели соли 2000, иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати сеюм 15 апрели соли 2005,  иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати чорум 23 апрели соли 2010 ва иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати панҷум 14 апрели соли 2015 баргузор гардиданд, ки дар онҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Бояд зикр намуд, ки дар 17 соли фаъолият ҳамагӣ 89 ҷаласаи Шўрои Маҷлиси миллӣ баргузор ва дар онҳо 2635 қарорҳо қабул гардида, 74 иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ гузаронида шудааст, ки дар он 2559 адад қарорҳо қабул гардиданд. Инчунин 28 ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон доир шуда, дар онҳо 346 адад қарорҳо қабул карда шуданд. Аз ин шумора 17 ҷаласаҳои якҷоя аз ҷониби Маҷлиси миллӣ гузаронида шуда, дар онҳо 173 қарор қабул гардидааст.

Ҳамин тариқ дар давраи зикргардида Маҷлиси миллӣ дар сохтори ҳоки­мия­ти давлатии кишварамон мавқеи басо муҳимро соҳиб гашта, дар таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, рушди ҷомеа ва давлат, такмили фаъолияти қонунгузорӣ ва таҳкими роби­таҳои байнипарлумонӣ нақши арзанда мегузорад.

ШАРИКОН: