СОХТОР

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР ДАР БОРАИ СОХТОРИ ДАСТГОҲИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тибқи Боби III, банди 8-и Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сохтори Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дохил мешаванд:

  • роҳбарияти Дастгоҳ (роҳбари Дастгоҳ, муовини ӯ);
  • котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси миллӣ;
  • шуъба оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният;
  • шуъба оид ба масъалаҳои иқтисод ва коммуникатсия;
  • шуъба оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология;
  • шуъба оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа;
  • шуъба оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои омма ва робитаҳои байнипарламентӣ;
  • шуъбаи ташкилӣ;
  • шуъбаи ҳуқуқ;
  • шуъбаи умумӣ;
  • шуъбаи хоҷагӣ;
  • бахши молиявӣ.

ШАМСЗОДА   Абдуҷаббор  Саймумин
Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 22 январи соли 1962
Ҷойи таваллуд: шаҳри Кӯлоб
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1985 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро  хатм кардааст.
Ихтисос:  ҳуқуқшинос
Донандаи хуби забони русӣ мебошад.
Оиладор.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шудаааст.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1979-1980-коргари хоҷагии ба номи Мичурини ноҳияи Муъминобод (собиқ Ленинград);
  • Соли 1980- мусаҳҳеҳи  (корректори) рӯзномаи вилоятии “Роҳи Ленинӣ” вилояти Кӯлоб;
  • Солҳои 1980-1985-донишҷӯйи факултаи ҳуқуқшиносии Университети Давлатии Тоҷикистон;
  • Соли 1986-иҷрокунандаи вазифаи муфаттиши прокуратураи  ноҳияи Восеъ;
  • Солҳои 1986- 1987- ёрдамчии прокурори ноҳияи Москва (ҳоло  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ);
  • Солҳои 1987 — 1991- ёрдамчии прокурори  ноҳияи  Данғара;
  • Солҳои 1991-1993-прокурори шуъбаи тафтишотии прокуратураи вилояти Кӯлоб;
  • Соли 1993-муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими  прокуратураи вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1993-1997-прокурори  ноҳияи  Москва  (ҳоло  Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ);
  • Солҳои 1997-2001- прокурори  ноҳияи  Восеъ;
  • Солҳои  2001- 2005- муовини  прокурори  вилояти  Хатлон;
  • Солҳои 2005-2007-вакили  Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2007-2009-муовини вазири  корҳои  дохилии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон;
  • Солҳои  2010-2015-прокурори ноҳияи Ҳисор;
  • Аз моҳи майи соли 2015 то феврали соли 2016-сардори  раёсати  ташкили  кор  ва  назорати  иҷрои Прокуратураи  генералии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон;
  • Аз 15 феврали соли 2016 то инҷониб роҳбари  Дастгоҳи  Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ШАМОЛОВ  Абдулвоҳид  Абдуллоевич
Муовини Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 29  сентябри соли 1958
Ҷойи таваллуд: шаҳри Кӯлоб
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1981 Донишгоҳи давлатии  Тоҷикистонро  хатм кардааст.
Ихтисос: филолог — шарқшинос
Доктори илмҳои фалсафа, профессор
Забонҳои русӣ, форсӣ, арабӣ ва англисиро (бо луғат) медонад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1979-1981-хизмати ҳарбӣ аз тариқи Вазорати мудофиаи Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон;
  • Солҳои 1981-1982-ассистенти кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии Кӯлоб;
  • Соли 1982-котиби озоди Комитети комсомолии  Донишкадаи давлатии Кӯлоб;
  • Солҳои 1982-1986-тарҷумони забони дарӣ аз тариқи Комитети давлатии муносибати иқтисодии Иттиҳоди Шӯравӣ  дар Афғонистон;
  • 09.1987-09.1988-таҷрибаомӯзи кафедраи фалсафаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;
  • 09.1988-06.1989-муаллими кафедраи фалсафаи Донишкадаи давлатии Кӯлоб;
  • 07.1989-09.1989-референти раиси Бойгонии назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон;
  • 09.1989-05.1990-иҷрокунандаи муовини сардори шуъбаи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии Бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 05.1990-02.1994-муовини сардори шуъбаи нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии Бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 02.1994-09.1994-сардори Раёсати ҳифзи муроқиботи ҳуҷҷатҳои фонди давлатии Бойгонии Иттиҳоди Шӯравӣ дар назди Бойгонии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 10.1994-07.08.1997-сарходими илмии Пажуҳишгоҳи фалсафаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 08.1997-.12.2002; 01.09.2003-сардори раёсати Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон директори Биржаи меҳнати ҷавонони Кумитаи кор бо ҷавонон;
  • 08.2003-11.2003-муовини аввали сардори раёсати Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон;
  • 01.2004-02.2009-сардори шуъбаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 01.2009-02.2011-директори Институти фалсафаи Академияи илмҳои Тоҷикистон;
  • 02.2011-04.2015-директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 12.2015-01.2016-иҷрокунандаи мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи техникӣ;
  • 01.2016-06.2016-мудири кафедраи фанҳои ҷомеашиносии Донишгоҳи техникӣ;
  • Аз 20 июни соли 2016 то инҷониб муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

САИДОВ Шавкат Норқузиевич 
Мудири Котиботи назди роҳбарияти Маҷлиси миллӣ

Соли таваллуд: 16 марти 1970
Ҷойи таваллуд:  шаҳри  Истаравшан
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1993 факултаи журналистикаи Донишгоҳи давлатии  миллии Тоҷикистон ва соли 2005 факултаи ҳуқуқшиносии донишгоҳи мазкурро (ғоибона) хатм намудааст.
Ихтисос: журналист, ҳуқуқшинос.
Забонҳои русӣ (озодона) ва англисиро (бо луғат) медонад.

Солҳои 2000-2005 ва 2010-2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияҳои Фирдавсӣ ва И. Сомонии  шаҳри  Душанбе интихоб гардидааст.

Оиладор, соҳиби се фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1987-1993-донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон);
  • Солҳои 1988-1989-хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Солҳои 1990-1993-донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (идомаи донишҷӯӣ дар Донишгоҳ то ба итмом);
  • Солҳои 1993-1997-корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва  муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (сиёсатшинос);
  • Солҳои 1997-1998-судиҷрочии суди ноҳияи И.Сомонӣ;
  • Солҳои 1998-1999-корманди Пажӯҳишгоҳи иқтисоди ҷаҳонӣ ва  муносибатҳои байналхалқии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сармуҳаррири маҷаллаи «Шоҳроҳи Ваҳдат»;
  • Солҳои 1999-2002-котиби масъули рӯзномаи «Паёми Душанбе»;
  • Солҳои 2002-2004-котиби матбуотии Раиси шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2004-2015-ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори умум ва созмонҳои ғайридавлатӣ;
  • Солҳои 2015-2017-директори Муассисаи давлатии “Телевизиони Пойтахт”-и Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе;
  • Аз 06 феврали соли 2017 то инҷониб мудири Котиботи назди Роҳбарияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

ҚОДИРОВ  Олег  Сабурович
Ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои умумӣ

Соли таваллуд: 3 сентябри соли 1958
Ҷойи таваллуд: шаҳри Душанбе
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1980 Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистонро хатм кардааст
Ихтисос: муҳандис-гидротехник
Донандаи хуби забони русӣ мебошад
Солҳои 2010-2015 вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардидааст
Соли 2002 бо ордени «Шараф» — дараҷаи 1 мукофотонида шудааст
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1980-1983-усто, муовини сардори бюрои конструктории заводи қубурҳои бошиддат ва таҷрибавии шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1983-1984-котиби Кумитаи комсомолии техникуми индустралии шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1984-1985-мудири шуъбаи ташкилотҳои комсомолии Кумитаи ноҳияи роҳи Оҳани шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1985–1987-хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Солҳои 1987-1990-инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи партиявии ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1990-1991-инструктори шуъбаи ташкилии Кумитаи партиявии шаҳри Душанбе;
  • Соли 199-муовини раиси комиссияи доимӣ оид ба корҳои ташкилӣ-ҳизбӣ, кор бо сиёсати кадрҳои Комиҷроияи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1991-1995-мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Комиҷроияи ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1995-1996-роҳбари дастгоҳи Ҳукумати ноҳияи Роҳи Оҳани шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1996-1999-роҳбари дастгоҳи Ҳукумати шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1999-2001-раиси Кумитаи идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2001-2003-ёрдамчии раиси шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2003-2006-ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои умумӣ;
  • Солҳои 2006-2007-раиси Кумитаи идораи амволи давлатии шаҳри Душанбе;
  • Аз моҳи апрели соли 2007- то инҷониб ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои умумӣ мебошад.

ҚУРБОНЗОДА  Наврӯз  Шариф        
Ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои  ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ                                                            

Соли таваллуд: 10 марти соли 1990
Ҷойи таваллуд:  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2012 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналисти байналхалқӣ, соли 2014 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ ва соли 2015 курси кӯтоҳмудат (такмили ихтисос)-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қазоқистонро  хатм кардааст.
Ихтисос: журналисти байналхалқӣ,  ҳуқуқшиноси байналхалқӣ
Забонҳои англисӣ ва русиро (бо луғат) медонад.
Дорандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ.
Ду маротиба бо “Сипоснома”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Муҷаррад.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 2008-2012-донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 01.2010-10.2011-муаллиф ва баранда дар Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” (ғайриштатӣ);
  • Солҳои 2012-2014 магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 01.2012-04.2014-хабарнигори нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷавонони Тоҷикистон”;
  • 04.2014-12.2014-мудири шуъбаи “Ҳаёти ҷавонон”-и нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Ҷавонони Тоҷикистон”;
  • 12.2014-04.2016-мутахассиси пешбари Бахши таҳлил ва иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 04.2016-02.2017-сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ  оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ;
  • Аз 01 феврали соли 2017 то инҷониб ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ мебошад.

БУРИЕВ  Фозил  Саидалиевич 
Мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният

Соли таваллуд: 19 феврали соли 1965
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Варзоб
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1992 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро  хатм кардааст.
Ихтисос: ҳуқуқшинос
Донандаи забони русӣ мбошад.
Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Мушовири давлатии адлияи дараҷаи 3 (рутбаи дараҷавӣ).
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Соли 1982 (09-12)- лабаранти мактаби миёнаи №80-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1982-1983-коргузори Суди халқии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1983-1985-хизмат дар сафи Ќувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Солҳои 1986-1989-иҷрочии суди халқии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1989-1993-иҷрочии суди халқии ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1993-1995-мушовир, сармутахассиси Кумитаи Шӯрои Олӣ оиди қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон;
  • Солҳои 1995-1996-мудири шуъбаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва протоколии Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-2000-мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2000-2006-мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2006-2015-мудири шуъбаи маъмурию ҳуқукии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;
  • Аз 02 апрели соли 2015 то инҷониб мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният мебошад.

МАҚСУДЗОДА  Шуҳрат
Мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуѓли аҳолӣ ва экология
Соли таваллуд: 20 декабри соли 1970
Ҷойи таваллуд: шаҳри Хуҷанд
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1993 Донишгоҳи давлатии  Санкт — Петербургро  хатм кардааст.
Ихтисос: иқтисодчӣ, омӯзгори  фанҳои иқтисодӣ
Забонҳои русӣ  ва англисиро (бо луғат) медонад.
Оиладор, соҳиби ду фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1988-1993-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербурги Федератсияи Россия;
  • Солҳои 1993-1997-ходими хурди илмии филиали Институти иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Маркази илмҳои шаҳри Хуҷанд;
  • Солҳои 1998-2000-менеҷери савдои минтақавии ҶСШП “Аграпак” дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия;
  • Солҳои 2000-2004-директори иҷроияи ҶСШП “АМП” дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия;
  • Солҳои 2004-2008-директори иҷроияи Ассотсиатсияи соҳибкорони вилояти Суғд;
  • Солҳои 2008-2009-сардори Раёсати дастгирии соҳибкорони Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон;
  • Солҳои 2009-2012-муовини Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон;
  • Солҳои 2012-2014-муовини якуми  Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон;
  • Солҳои 2014-2015-сардори Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2015-2017-муовини Раиси шаҳри Душанбе;
  • Аз 01 феврали соли 2017 то инҷониб мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисод, коммуникатсия, аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология мебошад.

_________________________

Мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа

_________________________

Мудири шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ


КАРИМОВА Маҳбуба Халиловна
Мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 5 ноябри соли 1963
Ҷои таваллуд: шаҳри Кӯлоб
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1989 Университети   давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.
Ихтисос: ҳуқуқшинос
Донандаи забони русӣ мебошад.
Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе барои солҳои 2015-2020 интихоб гардидааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1980-1981- китобдори мактаби миёнаи № 9-и шаҳри Кӯлоб;
  • Солҳои 1981-1989-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1989-1996-ҳуқуқшиноси Иттиҳодияи истеҳсолии «Дружба»-и Вазорати хизмати маишии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-2000-мутахассиси пешбари Раёсати муносибатҳо бо мамлакатҳои хориҷии Вазорати иқтисод ва робитаҳои иқтисоди хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2000-2003-сардори шуъбаи таъминоти ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодии Вазорати иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2003-2011-сардори кулли Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи тоҷик»;
  • Аз 21 апрели соли 2011то инҷониб мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

МАҲМУДОВ  Нарзулло Раҳмадҷонович 
Мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 24 феврали соли1960
Ҷои таваллуд: шаҳри Конибодом
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1983-ум Уневирситети давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон), соли 2005 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия бо дипломи аъло ва аспирантураи Академияи зикргардидаро (ғоибона) хатм кардааст.
Ихтисос: ҳуқуқшинос, менеҷери идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ                                                                             Донандаи забони русӣ мебошад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2002 таҳти №869 бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардидааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1977-1978-харроти (токар)-и заводи «Автозапчасти» шаҳри  Конибодом;
  • Солҳои 1978-1983-донишҷӯи Уневирситети давлатии Тоҷикистон ба номи Владимир Илич Ленин;
  • Солҳои 1983-1987-муфаттиши ШКД комиҷроияи Совети депутатҳои халқи ноҳияи Марказии шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1987-1991-инструктор, роҳбари бахши ҳуқуқ, сарвари комиссияи ҳизбии   Кумитаи ноҳияи Марказии Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон;
  • Солҳои 1991-2000-сармутахассис, мушовири калони Кумитаҳо оид ба қонунгузорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқҳои инсон, оид ба мудофиа ва амнияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2000 (03-05)-мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси ОлииҶумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният;
  • Солҳои 2000-2006-мудири шуъбаи маъмурӣ- ҳуқуқии Дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2006- 2009-мудири шуъбаи ҳуқуқи Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  «Роғун-Сервис»;
  • Аз 28 январи соли 2009 то инҷониб мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

_______________________  

Мудири шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

_______________________

Мудири шуъбаи хоҷагии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

АМИРШОҲ Темур  Саидқул 
Мудири бахши молиявӣ-сармуҳосиби Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Соли таваллуд: 20 майи соли 1959
Ҷойи таваллуд:  ноҳияи Темурмалик
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1982 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: иқтисодиёти меҳнат
Забонҳои русӣ ва узбекиро медонад.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1976-1977-таъмиргар-васлгари фабрикаи паррандапарварии ноҳияи Ваҳдат;
  • Солҳои 1977-1982-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1983-1986-сариқтисодчӣ оид ба меҳнати шуъбаи алоқаҳои байнисоҳавӣ, ҳисоботдиҳӣ, корҳои назоратӣ-тафтишотии Идораи хоҷагии қишлоқи ноҳияи Темурмалик;
  • Солҳои 1986-1989-иқтисодчии пешбар, сариқтисодчии Иттиҳодияи агросаноатии ноҳияи Темурмалик;
  • Солҳои 1989-1991-нозири Кумитаи назорати халқии ноҳияи Темурмалик; Солҳои 1991-1994-намояндаи филиали ҷумҳуриявии Тоҷикистонии шуъбаи фонди нафақавии ИҶШС дар ноҳияи Темурмалик;
  • Солҳои 1994-1995-роҳбари корхонаи хурди фардии истеҳсолӣ-тиҷоратии «Амиртемур»- и ноҳияи Темурмалик;
  • Солҳои 1995-1996-сардори шуъбаи санҷиши ташкилотҳои хоҷагии қишлоқ дар маркази аудити худмаблағгузории «Таджикаудитцентр»-и Вазорати молияи Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-1999-назоратчӣ-тафтишотчии шуъбаи истеҳсолии Сарраёсати давлатии идораи санҷишӣ ва назорати молиявии Вазорати молияи Тоҷикистон;
  • Солҳои 2001-2006-мутахассиси пешбарандаи шуъбаи банақшагирӣ ва методологии фаъолияти назоратию тафтишотии Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2006-2007-сармутахассиси Идораи ташкил ва методологияи назорати молиявии Кумитаи назорати давлатии молиявии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2007-2015- сармутахассиси шуъбаи назорати сохторҳои низомӣ ва судҳои Раёсати назорати буҷет ва фондҳои давлатии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз 03 ноябри соли 2015 то инҷониб мудири бахши молиявӣ-сармуҳосиби Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ШАРИКОН: