ШӮРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛӢ

МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР

ДАР БОРАИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми ҳамоҳангсоз, ҳисоботдиҳандаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, мутобиқи Конститутсияи  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.

Ба ҳайати Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини ӯ, раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд.

Ба Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад. Дар сурати набудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо супориши ӯ  муовини якум ба ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисӣ мекунад.

АЪЗОИ ШӮРОИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси шаҳри Душанбе
Аҳмадзода Раҷаббой Муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси вилояти Суғд
Мирзонабот Алишер Худобердӣ Муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Раҳмон Дилшод Сафарбек Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният. Декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Саид Давлаталӣ  Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба   масъалаҳои  аграрӣ, шуғли  аҳолӣ ва экология. Раиси вилояти Хатлон
Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба  масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон. Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Раҳимӣ Фарҳод Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои  байнипарламентӣ. Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷумазода Шарифҷон Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия. Раиси шаҳри Ҳисор
Қонунзода Шодигул Худобахш Раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур. Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон»

 

 

ШАРИКОН: