Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Оид ба ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» баррасӣ намуда,  қ а р о р    м е к у н а д:

 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид наму­дани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот» ҷониб­дорӣ карда шавад.

                  Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          М.Убайдуллоев

        

        ш.Душанбе,

 29 марти соли 2012

            № 301










Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро  «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда,  қ а р о р    м е к у н а д:

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми мақомоти идоракунии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷониб­дорӣ карда шавад.

                  Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          М.Убайдуллоев

        

       ш.Душанбе,

 29 марти соли 2012

          № 302

Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба тағйир додани тарҳи
     шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи илтимос­номаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон» баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 16 Қо­нуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  Маҷлиси  миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон        қ а ­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­р о р    м е к у н а д:

Тарҳи шаҳри Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон мувофиқи лоиҳаи  замимагардида тағйир дода шуда, ҳудуди он дар масоҳати 2568,15 (ду ҳазору панҷсаду шасту ҳашту аз сад понздаҳ) гектар муқаррар карда шавад.

                Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          М.Убайдуллоев

        

        ш.Душанбе,

 29 марти соли 2012

          № 303




Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба тағйир додани номи шаҳрак,

деҳот ва деҳаҳои  вилояти Хатлон

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон «Оид ба тағйир додани номи шаҳрак, деҳот ва деҳаҳои  вилояти Хатлон» баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д :

1. Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Ёвон:

деҳаи Бешбулоқ ба деҳаи Чашмасори деҳоти Озодӣ

деҳаи Ширинбулоқ ба деҳаи ба номи Тилло Солиҳови деҳоти Озодӣ

деҳаи Кунчӣ ба деҳаи Гулистони деҳоти ба номи Г.Юсупова

деҳаи Комсомол ба деҳаи Ваҳдати шаҳраки Ҳаёти нав

деҳаи Қуз-Қайнар ба деҳаи Оби Шифои деҳоти Норин

деҳаи Қирғинҷар ба деҳаи Оли Сомони деҳоти Оби Мукӣ

Номи деҳоти Комсомол ба деҳоти 20-солагии Истиқлолияти

Тоҷикистон ва номи деҳаҳои зерини ноҳияи Фархор:

деҳаи Қизилсӯ ба деҳаи ба номи Нурмат Сафарови деҳоти Ғалаба

деҳаи Қизилтеппа ба деҳаи Ваҳдати деҳоти Ғалаба

деҳаи Комсомол ба деҳаи Нури Шарқи деҳоти Комсомол

деҳаи Арабо ба деҳаи Дӯстии деҳоти Фархор

деҳаи Туғул ба деҳаи Хуррамзамини деҳоти Фархор

деҳаи Саксанохур ба деҳаи Кӯҳандиёри деҳоти Ватан

деҳаи Ҳавзако ба деҳаи Садоқати деҳоти Ватан

деҳаи Майдапатта ба деҳаи Кӯҳдомани деҳоти Ватан

деҳаи Даштак ба деҳаи Меҳровари деҳоти Ватан

деҳаи Ҷидда ба деҳаи Ҳақиқати деҳоти Ватан

деҳаи Ҷалбузӣ ба деҳаи Шӯҳратёри деҳоти Ватан

деҳаи Сомончӣ ба деҳаи Сомониёни деҳоти Зафар

деҳаи Қарахчӣ ба деҳаи Саховати деҳоти Зафар

деҳаи Олимтой ба деҳаи Истиқлоли деҳоти Зафар

деҳаи Бобосафоли Поён ба деҳаи Сайф Раҳимзоди Афардии

деҳоти Деҳқонариқ

деҳаи Шӯрқул ба деҳаи Обшорони деҳоти Деҳқонариқ

деҳаи Қалъаи Пучқоқ ба деҳаи Шарафи деҳоти Дарқад

деҳаи Ҷайралӣ ба деҳаи Меҳрободи деҳоти Дарқад

деҳаи Фрунзе ба деҳаи Боҳтур Давлатови деҳоти Ғайрат

деҳаи Қизил-пахтачӣ ба деҳаи Некманзари деҳоти Ғайрат

деҳаи Карл Маркс ба деҳаи Фозилони деҳоти Ғайрат

        

Номи деҳаи Қаратош ба деҳаи Дӯстии деҳоти Пулисангини  шаҳри

Норак

Номи шаҳраки Ғаравутӣ ба шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти

Ҷум­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­­ҳурии Тоҷикистони ноҳияи Ҷиликӯл

Номи деҳаи Сопкадил ба деҳаи Ҳамид Баротови деҳоти Пахтаободи

ноҳияи Восеъ

Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Бохтар:

деҳаи Семеновод ба деҳаи Файзи Истиқлол

деҳаи Чапаев ба деҳаи ба номи Саъдии Шерозии шаҳраки Бохтариён

деҳаи 17-Партсъезд ба деҳаи ба номи Ғуломсаид Холови деҳоти Заргар

деҳаи Коминтерн ба деҳаи ба номи Ҳофизи Шерозии деҳоти Меҳнатобод

деҳаи Комсомол ба деҳаи Чорсуи деҳоти Навбаҳор

деҳаи Қизил-куч ба деҳаи Ваҳдати деҳоти Навбаҳор

деҳаи Бешкаппа ба деҳаи Саричашмаи деҳоти Навбаҳор

деҳаи Куйбишев ба деҳаи ба номи Садриддин Айнии деҳоти Навбаҳор

деҳаи Ленин ба деҳаи Истиқлоли деҳоти Навбаҳор

деҳаи 18-Годовщина ба деҳаи 20-солагии Истиқлолияти деҳоти Сарвати Истиқлол тағйир дода шаванд.

2. Пешниҳод дар қисми тағйир додани номи деҳаи Шмитди ноҳияи Бохтар бо назардошти талаботи моддаҳои 18 ва 23 Қонуни консти­тутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои баррасии иловагӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида шавад.

                Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          М.Убайдуллоев

        

       ш.Душанбе,

 29 марти соли 2012

           № 304






Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                       Оид ба тағйир додани  номи  шаҳр,

шаҳрак, деҳот ва деҳаҳои  вилояти Суғд

Пешниҳодоти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи илтимосномаҳои Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд  «Оид ба тағйир додани номи шаҳрак ва деҳот» таҳти № 657 аз 30 декабри соли 2011 ва «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини вилоят» таҳти № 82 аз 1 марти соли 2012  баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон      қ а р о р   м е к у н а д :

Номи шаҳраки КИМ-и шаҳри Исфара ба шаҳраки Нурафшон

Номи деҳотҳои зерини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров:

деҳоти Қистақӯз ба деҳоти Хистеварз

          деҳоти Қатаған ба деҳоти Зарзамин

деҳоти Уткансой ба деҳоти Чашмасор

Номи деҳоти Овчӣ ба деҳоти Ваҳдат, деҳоти Калининобод ба 

Исмоили Сомонӣ  ва номи деҳаҳои зерини ноҳияи Ғончӣ:

деҳаи Кӯчкина ба деҳаи Нурободи деҳоти Муҷун

деҳаи Кенагас ба деҳаи Меҳрободи деҳоти Муҷун

деҳаи Уртақӯрғон ба деҳаи Ҳазорчашмаи деҳоти Муҷун

деҳаи Бешкал ба деҳаи Панҷбоғи деҳоти Муҷун

деҳаи Чағат ба деҳаи Гулшани деҳоти Муҷун

деҳаи Иторчӣ ба деҳаи Истиқлоли деҳоти Муҷун

деҳаи Анбаргаз ба деҳаи Анбарини деҳоти Муҷун

деҳаи Манғит ба деҳаи Зароби деҳоти Муҷун

деҳаи Янгиариқи Поён ба деҳаи Зарнисори деҳоти Ғазантарак

деҳаи Қаробӯин ба деҳаи Гулободи деҳоти Ғазантарак

деҳаи Янгиариқи Боло ба деҳаи Дархони деҳоти Калининобод

деҳаи Дам ба деҳаи Бахти деҳоти Яхтан

деҳаи Хуштоири Ҷар ба деҳаи Хоҷа Тоҳири деҳоти Яхтан

деҳаи Ҷари Ғуломкуш ба деҳаи Боғистони деҳоти Яхтан

деҳаи Қизилӣ ба деҳаи Лолазори деҳоти Яхтан

деҳаи Қийғир ба Шоҳини деҳоти Яхтан

деҳаи Мӯрияк ба деҳаи Офтобрӯи деҳоти Росровут  

                                                                                              

Номи шаҳри Табошар ба Истиқлол

Номи деҳотҳои зерини шаҳри Истаравшан:

деҳоти Ленинобод ба деҳоти Чорбоғ

деҳоти Коммунизм ба деҳоти Зарҳалол

деҳоти Фрунзе ба деҳоти Сабристон 

Номи деҳаҳои зерини шаҳри Конибодом:

деҳаи Қайроғоч ба деҳаи Ободонии деҳоти Пӯлодон

деҳаи Янгӣ-Кӯчкакӣ ба деҳаи Сомониёни деҳоти Р.Ҳамробоев

деҳаи Тағойқӯйчӣ ба деҳаи Истиқлолияти деҳоти Ғ.Ортиқов

Номи деҳаҳои зерини шаҳри Панҷакент:

деҳаи Ғарибак ба деҳаи Озодагони деҳоти Хурмӣ

деҳаи Каттақишлоқ ба деҳаи Хуррамободи деҳоти Хурмӣ

деҳаи Зарангбош ба деҳаи Зарфишони деҳоти Хурмӣ

деҳаи Советобод ба деҳаи Рукнободи деҳоти Ворӯ

        

Номи деҳотҳои зерини ноҳияи Ашт:

деҳоти Ҷарбулоқ ба деҳоти Ориён

деҳоти Қамишқӯрғон ба деҳоти Меҳробод

Номи шаҳракҳо ва деҳоти зерини ноҳияи Мастчоҳ:

шаҳраки Такалӣ ба шаҳраки Суғдиён

шаҳраки Қуруқсой ба шаҳраки Обшорон

деҳоти Авзикент ба деҳоти Навбаҳор

Номи деҳотҳои зерини ноҳияи Спитамен:

деҳоти Нов ба деҳоти Турсун ӯлҷабоев

деҳоти Оқтепа ба деҳоти Истиқлол

деҳоти Куркат ба деҳоти Куруш

Номи деҳот ва деҳаҳои зерини ноҳияи Ҷаббор Расулов:

деҳоти Янгиҳаёт ба деҳоти Ҳаёти нав

деҳаи Қуланбош ба деҳаи Гулистони деҳоти Деҳмой

деҳаи Қазноқ ба деҳаи Заркори деҳоти Деҳмой

деҳаи Каттадам ба деҳаи Саричашмаи деҳоти Гулхона

деҳаи Кичикдам ба деҳаи Баҳори деҳоти Гулхона

деҳаи Чириқ ба деҳаи Баҳористони деҳоти Гулхона

деҳаи Қайрағоч ба деҳаи Лолазори деҳоти Гулхона

Номи деҳаҳои зерини ноҳияи Шаҳристон:

деҳаи Холдорқипчоқ ба деҳаи Ободии деҳоти Янгиқӯрғон

деҳаи Қӯшқӯрғон ба деҳаи Суғдиёни деҳоти Янгиқӯрғон

деҳаи Янгиқӯрғон ба деҳаи Навкенти деҳоти Янгиқӯрғон

деҳаи Қарабчӣ ба деҳаи Гулистони деҳоти Янгиқӯрғон

деҳаи Тавоқбулоқ ба деҳаи Чашмаи деҳоти Янгиқӯрғон

деҳаи Қуллиқӯтан ба деҳаи Ҳисори деҳоти Янгиқӯрғон

деҳаи Бӯраген ба деҳаи Фирдавсии деҳоти Шаҳристон

деҳаи Ҷарқӯтан ба деҳаи Турсунзодаи деҳоти Шаҳристон

деҳаи Қаерма ба деҳаи Ваҳдати деҳоти Шаҳристон

деҳаи Ишқилӣ ба деҳаи Бӯстони деҳоти Шаҳристон

деҳаи Кенгқӯл ба деҳаи Истиқлоли деҳоти Шаҳристон

деҳаи ӯрохлӣ ба деҳаи Темурмалики деҳоти Шаҳристон              

тағйир дода шаванд. 

    

                Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          М.Убайдуллоев

        

       ш.Душанбе,

 29 марти соли 2012

          № 305

Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

      Оид ба тағйир додани  номи баъзе

маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Ҳисор

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ҳисор «Оид ба тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳия» баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  қ а р о р   м е к у н а д :

Номи деҳоти Хонақоҳ ба деҳоти Сомон, деҳоти Қарамқул ба деҳоти ба номи Мирзо Турсунзода ва номи деҳаҳои зерини ноҳияи Ҳисор:

деҳаи Якуми Май ба деҳаи Чашмаи Моҳиёни деҳоти Ҳисор

деҳаи Оқулии боло ба деҳаи Сарчашмаи деҳоти Ҳисор

деҳаи Оқулии поён ба деҳаи Сайёди деҳоти Ҳисор

деҳаи Заря-Востока ба деҳаи Хушманзари деҳоти Ҳисор

деҳаи Қизилқишлоқ ба деҳаи ба номи Мавлоншарифи деҳоти Ҳисор

деҳаи Ҷарак ба деҳаи Сафобахши шаҳраки Шарора

деҳаи Қарапичоқ ба деҳаи Ниёгони деҳоти Дурбат

деҳаи Учқул ба деҳаи Зартеппаи деҳоти Дурбат

деҳаи Бесимас ба деҳаи Аминиёни деҳоти Деҳқонобод

деҳаи Булоқчинор ба деҳаи Чилчинори деҳоти Деҳқонобод

деҳаи Қулмунда ба деҳаи Мӯъминободи деҳоти Деҳқонобод

деҳаи Роҳи Ленин ба деҳаи Шодмони деҳоти Деҳқонобод

деҳаи Чептӯраи боло ба деҳаи Гулрези деҳоти Хонақоҳ

деҳаи Бешбулоқ ба деҳаи Чашмасори деҳоти Хонақоҳ

деҳаи Шӯроби поён ба деҳаи Нурафшони деҳоти Хонақоҳ

деҳаи Тула ба деҳаи Боғистони деҳоти Хонақоҳ

деҳаи Чағатай ба деҳаи Суғдиёни деҳоти Алмосӣ

деҳаи Узунохӯр ба деҳаи Лолазори деҳоти Алмосӣ

деҳаи Тошбулоқ ба деҳаи Сангчашмаи деҳоти Алмосӣ

деҳаи Келитош ба деҳаи Ободдараи деҳоти Алмосӣ

деҳаи Булоқсайидон ба деҳаи Сайидони деҳоти Алмосӣ

деҳаи Ҳофизқишлоқ ба деҳаи Ҳофизкадаи деҳоти Алмосӣ

деҳаи Наврӯзбулоқ ба деҳаи Наврӯзии деҳоти Алмосӣ

деҳаи Қарахонӣ ба деҳаи Гули Сурхи деҳоти Алмосӣ

деҳаи Қипчоқ ба деҳаи Меҳргони деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ

деҳаи Хелисой ба деҳаи Лабисойи деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ

деҳаи Ҷиндара ба деҳаи Гулдараи деҳоти Хонақоҳи Кӯҳӣ

деҳаи Давлатманқа ба деҳаи Ҳамдилони деҳоти Навобод

деҳаи Киров ба деҳаи Себистони деҳоти Навобод

деҳаи Қизил-Юлдуз ба деҳаи Ситораи деҳоти Навобод

деҳаи Болшевик ба деҳаи Ҳосилоти деҳоти Мирзо Ризо

деҳаи Қарамқул ба деҳаи Меҳрободи деҳоти Қарамқул

деҳаи Умакай ба деҳаи Кишоварзи деҳоти Қарамқул

деҳаи Комсомол ба деҳаи Даҳбеди деҳоти Қарамқул

деҳаи Янгиобод ба деҳаи Намунаи деҳоти Қарамқул

деҳаи Правда ба деҳаи Чаманзори деҳоти Қарамқул

деҳаи Аскари Сурх ба деҳаи Саховати деҳоти Қарамқул

деҳаи Октябр ба деҳаи Равшандилони деҳоти Қарамқул

деҳаи Сотсиализм ба деҳаи Садоқати деҳоти Қарамқул

деҳаи Умакайи боло ба деҳаи Ҳалқадашти деҳоти Қарамқул

деҳаи Қайрағоч ба деҳаи Хайрободи деҳоти Қарамқул

деҳаи Авзикенги боло ба деҳаи Ҳакимии деҳоти Қарамқул

деҳаи Авзикенг ба деҳаи Баракати деҳоти Қарамқул

деҳаи Ҷартеппа ба деҳаи Ҳалқаруди деҳоти Ориён

деҳаи Ҷетиқир ба деҳаи Ҳафттеппаи деҳоти Ориён

деҳаи Чӯҷалӣ ба деҳаи Гулистони деҳоти Ориён

тағйир дода  шаванд.

                Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          М.Убайдуллоев

        

      ш.Душанбе,

 29 марти соли 201

          № 306

Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

                     Оид ба ташкил намудани

            деҳоти Ваҳдати ноҳияи Тавилдара

Пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи илтимосномаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тавилдара «Оид ба ташкил  намудани деҳоти Ваҳдати ноҳияи Тавилдара» баррасӣ намуда, мутобиқи моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» Маҷлиси  миллии  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон    қ а р о р    м е к у н а д :

1. Дар ҳайати ноҳияи Тавилдара аз ҳисоби хурд намудани деҳоти Сангвор деҳоти Ваҳдат бо маркази маъмурӣ дар деҳаи Лоҷург ташкил карда шавад.

2. Ба ҳайати деҳоти Ваҳдат деҳаҳои Ғовд, Алисурхон, Нусонӣ, Лангар, Лоҷург, Сарха, Хубон, Сангвор, Найгуфт, Сикад, Роға, Арзинг дохил карда шуда, онҳо мутобиқан аз ҳайати деҳоти Сангвор бароварда шаванд.

                 Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          М.Убайдуллоев

        

       ш.Душанбе,

 29 марти соли 2012

          № 307

Copyright 2014 301-307 Карорхои Мм байнипарл. Национальный Интернет Провайдер TOJNET
Joomla Templates by Wordpress themes free