Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи Эъломияи Конфронси сеюми умумиҷаҳонии раисони парламентҳо дар мавзӯи «Таъмини масъулият ва ҳисоботнокии

куллии  демократӣ ба хотири манофеи омма»

         Бо мақсади тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои сатҳи байналмилалӣ ва минтақавӣ, густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷабҳаи мутақобила судманди Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парламентҳои кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байнипарламентӣ, алалхусус Иттиҳоди Байнипарламентӣ, мусоидат намудан ба таҳкими равандҳои демократикунонии ҳаёти ҷомеа, тавсеаи сохтории институтҳои демократии мавҷуда ва саҳми сазовор гузоштан дар ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳим, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ бо онҳо рӯ ба рӯ шудааст, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон              қ а р о р   м е к у н а д:

         1.Эъломияи Конфронси сеюми умумиҷаҳонии раисони парла­ментҳо (Женева, 21 июни соли 2010) таҳти унвони «Таъмини масъулият ва ҳисоботнокии куллии демократӣ ба хотири манофеи омма» ба инобат гирифта шавад.

2.Кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо кумитаҳои Маҷлиси намоянда­гони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва итти­ҳо­­дия­ҳои эҷодӣ баҳри таъмини тавсияҳое, ки аз Эъломия бармеоянд, тадбирҳои амалӣ ва судманд андешанд.

3.Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбутаи давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва воситаҳои ахбори омма бо мақсади ташкил намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба моҳияти Эъломия, густариши минбаъдаи равандҳои демократикунонӣ, фазои гуногунандешии сиёсӣ ва таҳаммулпазирӣ дар ҷомеъа вохӯрию мулоқотҳо ва муҳокимарониҳо доир намуда, пешниҳодҳои мушаххас доир ба роҳҳои бартараф намудани оқибатҳои бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, тағйири иқлим, амнияти энергетикӣ ва ғизоӣ, мубориза алайҳи терроризм, паҳншавии ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, экстремизм ва ҳаллу фасли масъалаҳои дигари ҳалталаб ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намоянд.


4. Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, восита­ҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ дар ҳамкорӣ бо Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди байнипарламентӣ ва дастгоҳи кории он ҳамчун мақоме, ки парламентҳои давлатҳои ҷаҳонро муттаҳид сохта, нақши онҳоро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд мебардорад ва саҳми парламентро дар ҳалли проблемаҳои мубрами имрӯзаи байналмилалӣ меафзояд, робитаи зич барқарор намуда, аз кӯмаки Иттиҳоди байнипарламентӣ дар кори расидан ба Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола бештар истифода намуда, имкониятҳои онро дар масоили рушди ҷомеа мавриди истифода қарор дода, аз барномаҳои он оид ба кӯмак ба парламентҳои миллӣ ва ҳамкориҳои байниҳамдигарии мақомоти қонунгузори миллӣ васеъ истифода намоянд.

        

5.Назорати иҷрои Қарор ба зиммаи кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, восита­ҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ, оид ба таъмини асосҳои консти­тут­сионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният ва оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳиф­зи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа гузошта шавад.

                  

                Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                             М.Убайдуллоев                         М             

        ш.Душанбе,

16 декабри соли 2010

             № 119

Copyright 2014 119 Эъломияи Женева. Национальный Интернет Провайдер TOJNET
Joomla Templates by Wordpress themes free