Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оид ба муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти

падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бобати таҳкими масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва эҳтироми арзишҳои миллию умумибашарӣ ҷонибдорӣ намуда,  қ а р о р   м е к у н а д :

1.Аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар муҳокимаи умумихалқӣ, фаҳмондадиҳии моҳият ва мӯҳтавои лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ширкати фаъолона варзида ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу пешниҳодҳои асоснок манзур намоянд.

2.Рӯзномаи «Садои мардум» ҷараёни муҳокимаи умумихалқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро пайваста инъикос намояд.

3.Рафти иҷрои ҳамин Қарор ба зиммаи Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният вогузор карда шавад.

Раиси

Маҷлиси Миллии Маҷлиси

Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон                                          М.Убайдуллоев

        ш.Душанбе,

16 декабри соли 2010

             №118

Copyright 2014 118 Карори Мм мухокима. Национальный Интернет Провайдер TOJNET
Joomla Templates by Wordpress themes free