Қарори

Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар бораи  рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум

Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1528 аз 2 ноябри соли 2013 «Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ғайринав­батии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум» Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон      қ а р о р   м е к у н а д:

Ба рӯзномаи иҷлосияи ғайринавбатии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати чорум масъалаҳои зерин ворид карда шаванд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият».

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ».

 

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи  рамзҳои Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон».

           Раиси

Маҷлиси миллии Маҷлиси

Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон                                         М.Убайдуллоев                  

        ш.Дашанбе,

11 ноябри соли 2013

           № 565

Copyright 2014 566 Рузнома. Национальный Интернет Провайдер TOJNET
Joomla Templates by Wordpress themes free