Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

16 феврали соли 2017 таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.

Дар он аъзои Маҷлиси миллӣ бо интихоби котибот ва тасдиқи рӯзномаи иҷлосия ба баррасии 52 масъалаҳои дар он шомилгардида шуруъ намуданд.

Аъзои Маҷлиси миллӣ нахуст тибқи рӯзномаи иҷлосия ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмон Юсуф Аҳмадзодро дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 шуниданд.

Оид ба ҳисоботи Прокурори генералӣ аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиқзода Қаноатшо Холиқ, Ҷабборӣ Ғаффор, Маҳтобшозода Арамбегим Бозор, Набизода Наим, Дадаҷонова Саёҳат ва Маҳмадсаид Убайдуллоев дар суханрониҳояшон ҷиҳати тавсеаю тақвияти фаъолияти мақомоти прокуратура таъкид намуданд, ки  баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ беш аз ҳарвақта пурзӯр намудани назорати прокурорӣ ногузир мебошад.

Қобили зикр мебошад, ки таваҷҷуҳи Прокурори генералӣ Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, хусусан баҳри иҷрои пурраи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳз ба манфиати ҳар як шаҳрванди кишвар ва аҳли ҷомеаи он нигаронида шудаанд, қабул ва мавриди татбиқ қарор доранд, дар доираи ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, донишкадаю донишгоҳҳои олӣ ва мақомоти дахлдор гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, назарсанҷӣ ва таҳлилҳо баҳри омилҳои пурра иҷро гардидани қонунҳои зикршуда масъалагузорӣ карда шуд.

Дар ин росто зикр карда шуд, ки муассиртар намудани назорати прокурорӣ оид ба иҷрои уҳдадориҳои масъулияти падару модар дар тарбия фарзанд, пешгирии ҷинояткорӣ миёни ноболиғон ва ҷавонон, тарҳрезии муборизаи дастаҷамъона алайҳи коррупсияву дигар зуҳуроти номатлуб, пешгирии гаравидани шаҳрвандони кишвар ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоию экстремистӣ ва баланд бардоштани донишу маърифати ҳуқуқии аҳли ҷомеа ҷиҳати пешгирии содир намудани ҷиноят ҳамчун тақозои вақт ногузир мебошад.

Дар иртибот ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосия қарори дахлдор қабул гардид, ки матни комили он дар воситаҳои ахбои омма интишор мешавад.

Сипас, аъзои Маҷлиси миллӣ зимни баррасии масъалаҳо бо хулоса аз гузоришҳои аз тарафи муовини Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Лоиқзода Қаноатшо Холиқ ва раисони Кумитаҳои марбутаи Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод, Гулмаҳмадзода Давлатшоҳ Қурбоналӣ, Амирзода Раҳмоналӣ Амир, Имомзода Муҳаммадюсуф Саидалӣ пешниҳодгардида, ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як зумра Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо мақсади такмилу мукаммалгардонӣ ва мутобиқсозии ҳар кадоми онҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда, ки аз ҷониби субъектҳои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ таҳия гашта, баъд аз қабули Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ унвонии Маҷлиси миллӣ пешниҳодёфтаро бо мавриди муҳокима қарор додан, ҷонибдорӣ намуданд.

Аз ҷумла, аъзои Маҷлиси миллӣ 4 қонуни мукаммал ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ба 26 қонунҳои ҷории кишвар, аз қабили Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид», «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ», «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар қонунҳоро ҷонибдорӣ намуда, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ»-ро барои мукаммалсозӣ бозпас гардониданд.

Ҳамзамон, дар иҷлосия Қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тағйир додани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини шаҳрҳои Панҷакент ва Конибодом, ноҳияҳои Ашт ва Спитамени вилояти Суғд, ноҳияҳои Ховалинг, Ҷалолиддини Балхӣ ва Ёвони вилояти Хатлон, ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишини Даштаки деҳоти Сучони ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шуданд.

Инчунин тибқи пешниҳоди Президенти мамлакат Қарорҳои дахлдори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бозхонд намудани Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин тавр интихоб намудани Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ ёфтанд.

Мутобиқ ба онҳо Наим Мансурзода аз вазифаи Раиси Суди Олии иқтисодӣ бозхонд ва ба ҷои ў Қаландарзода Мавлуда Саттрорӣ ва ҳамзамон Қамарзода Рошиддин, Мирзозода Исроил Шоҳимардон ва Саидзода Маҳмадисо Мурод ба ҳайси судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ваколати судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳасанзода Насим Манон бинобар сабаби фавт қатъ карда шуд.

Бо баррасии тамоми масъалаҳои дар рўзнома шомилгардида Иҷлосияи нуҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум ба кори худ анҷом бахшид.

ШАРИКОН: