ДАСТГОҲ

ИДРИСЗОДА Илёс Мумин
Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7 январи соли 1974 дар ноҳияи Фархор таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.
Соли 1996 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Дар вазифаҳои ёрдамчии раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчии судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромӯз дар вазифаи холии ёрдамчии прокурори ноҳияи Варзоб, ёрдамчии калони прокурори ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, прокурори калони Раёсати назорати қонунӣ будани қарорҳои судӣ бо парвандаҳои ҷиноятии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муфаттиши Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини сардори Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини прокурори вилояти Суғд, прокурори ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон, муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Забонҳои русӣ ва англисиро (бо луғат) медонад.
Мушовири адлияи дараҷаи 1 (баробар ба «полковники адлия») аст.
Соли 2019 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
17 апрели соли 2020 роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

КАРИМЗОДА Искандаршоҳ Самиҷон
Муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 майи соли 1981 дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон таваллуд шудааст.
Миллаташ тоҷик, таҳсилоташ олӣ.
Соли 2007 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос ва соли 2021 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси идораи давлатӣ хатм намудааст.
Дар вазифаҳои муфаттиш, муфаттиши калони бахши назоратию методӣ ва муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳими шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, муфаттиши калон оид ба корҳои махсусан муҳим ва сардори шуъбаи 3-юми Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон,  муовини сардори шуъба-сардори бахши якуми шуъбаи тафтишоти Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муовини сардори шуъба-сардори бахши якум ва сардори шуъбаи Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва сардори Раёсати Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон фаъолият кардааст.
Дорандаи рутбаи «Мушовири адлияи дараҷаи 1».
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.
Аз 1 июни соли 2020 муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

ҲИКМАТУЛЛО Зоирҷон
Мудири котиботи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 10 июни соли 1973
Ҷои таваллуд: шаҳри Турсунзода
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1995 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва соли 2009 Академияи хизмати давлатии Федератсияи Россия дар назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.
Ихтисос: муҳандис-технолог-сохтмончӣ, идоракунии ҳайати шахсӣ
Забонҳои русӣ, узбекӣ ва англисиро медонад.
Мушовири давлатии дараҷаи 3, соли 2013 бо «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • 09.-10. соли 1990 — муаллими синфҳои ибтидоии мактаби миёнаи №38-и шаҳри Турсунзода;
    Солҳои 1990-1995 — донишҷӯи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1997-1998 — корманди идораи экспертизаи Кумитаи давлатии сохтмон ва меъмории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1998-1999 — нозир, сарнозири шуъбаи манзилию коммуналии дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода;
  • Солҳои 1999-2004 — мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода;
  • Солҳои 2004-2007 — роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Турсунзода;
  • Солҳои 2007-2008 — сармутахассиси Шуъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 01.-05. соли  2008 — ёрдамчии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2008-2014 — муовини мудири Шуъбаи назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2014-2020 — нозири давлатии Раёсати коргузорӣ ва назорати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 02.-04. соли 2020 — муовини сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз 20 апрели соли 2020 то инҷониб мудири Котиботи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ҚУРБОНЗОДА Наврӯз Шариф
Ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои  ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ 

Соли таваллуд: 10 марти соли 1990
Ҷойи таваллуд:  Ҷумҳурии Тоҷикистон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2012 факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси журналисти байналхалқӣ, соли 2014 факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи мазкурро бо ихтисоси ҳуқуқшиноси байналхалқӣ, соли 2015 курси кӯтоҳмудат (такмили ихтисос)-и Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Қазоқистон ва соли 2023 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси идораи давлатӣ  хатм кардааст.
Ихтисос: журналисти байналхалқӣ,  ҳуқуқшиноси байналхалқӣ, идораи давлатӣ.
Забонҳои англисӣ ва русиро (бо луғат) медонад.
Дорандаи Ҷоизаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ дар соҳаи рӯзноманигорӣ.
Аълочии матбуоти Тоҷикистон, узви Иттифоқи журанлистони Тоҷикистон.
Ду маротиба бо “Сипоснома”-и Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 2008-2012-донишҷӯйи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 01.2010-10.2011-муаллиф ва баранда дар Телевизиони кӯдакону наврасон “Баҳористон” (ғайриштатӣ);
  • Солҳои 2012-2014 магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • 01.2012-04.2014-хабарнигори нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон —  “Ҷавонони Тоҷикистон”;
  • 04.2014-12.2014-мудири шуъбаи “Ҳаёти ҷавонон”-и нашрияи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — “Ҷавонони Тоҷикистон”;
  • 12.2014-04.2016-мутахассиси пешбари Бахши таҳлил ва иттилоотии Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • 04.2016-02.2017-сармутахассиси шуъбаи Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ  оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ;
  • Аз 01 феврали соли 2017 то инҷониб ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ мебошад.

ҒОИБОВ Гулчин Ҳақназарович
Мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 24 ноябри соли1973
Ҷойи таваллуд: шаҳри Кӯлоб
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1998 филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон, соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро хатм кардааст.
Ихтисос: муҳандис – технолог, ҳуқуқшинос
Забонҳои русӣ, арабӣ (форсӣ) ва англисиро бо луғат медонад.
Оиладор, соҳиби 5 фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1990-1994-донишҷӯи филиали Хуҷандии Донишкадаи политехникӣ;
  • Солҳои 1994-1996-хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-1998-донишҷӯи филиали Хуҷандии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (идомаи таҳсил);
  • Солҳои1999-2007-нозири калони гумруки Кумитаи гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2001-2004-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ихтисоси 2, ғоибона);
  • Солҳои 2009–2013-сармутахассиси шуъбаи Саридораи ҳифзи сирри давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2013-2014-сармутахассиси шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2014-2015-сармутахассиси шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2015-2018-сармутахассис оид ба корҳои махсус  ва кадрҳои шуъбаи умумии Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ;
  • Аз 01 майи соли 2018 то ин ҷониб мудири шуъбаи ташкилии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

НАЗАРЗОДА Алишер Саидвалӣ
Мудири шуъбаи хоҷагии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 26.10.1986
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Темурмалик
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2013 Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос: фаъолияти гумрукӣ
Донандаи забони русӣ
Оиладор.

 

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 2006 — 2010 — дуредгари шуъбаи хоҷагии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2007 — 2013 — донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон;
  • Солҳои 2010 — 2012 — боғбони шуъбаи таъминоти моддию техникӣ ва хизматрасониҳои хоҷагии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2012 — 2015 — мутахассиси шуъбаи хизматрасониҳои ҳайатҳои расмии чорабиниҳои протоколии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2015 — 2017 — сармутахассиси шуъбаи таъминоти моддию техникӣ ва хизматрасониҳои хоҷагии Идораи хоҷагии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2017 — 2020 — мудири бахши корҳои хоҷагии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе;
  • Аз 20 апрели соли 2020 то инҷониб мудири шуъбаи хоҷагии Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

ҒАНИЗОДА Холмурод Сафар
Мудири бахши молиявӣ-сармуҳосиби Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 25 декабри соли 1963
Ҷои таваллуд: ноҳияи Данғара
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1994 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.
Ихтисос: Банақшагирии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ
Забонҳои русӣ ва ӯзбекиро медонад.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 августи соли 2012, №1321 бо медали «Хизмати шоиста» мукофотонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1979-1982 — Техникуми статистикии шаҳри Ваҳдат;
  • Солҳои 1982-1984 — хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи ИҶШС;
  • Солҳои 1985-1985 — оператори Шуъбаи омори ноҳияи Темурмалик;
  • Солҳои 1985-1990 — сариқтисодчии шуъбаи омори ноҳияи Темурмалик;
  • Солҳои 1990-1994 — иқтисодчии агропромтехснаби ноҳияи Темурмалик;
  • Солҳои 1994-1995 — сариқтисодчии муассисаи нақлиётии №19-и ноҳияи Темурмалик;
  • Солҳои 1995-1996 — назоратчии тафтишотчии Кумитаи саноати гӯшту шири назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1996-2001 — назоратчӣ-тафтишотчии дараҷаи 2-юми шуъбаи тафтиши ташкилотҳои хоҷагидорӣ ва муассисаҳои саноатии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2001-2007 — мутахассиси пешбарандаи шуъбаи назорати истифодаи самараноки амволи давлатии Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Соли 2007 (02-03) — иҷрокунандаи вазифаи мутахассиси Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Соли 2007 (03-05) — сармутахассиси бахши назорати буҷетҳои маҳаллии Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;
  • Соли 2014 (03-12) — сардори Бахши дуюми Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 2014-2015 — сардори Шуъбаи назорати сохторҳои низомӣ ва судҳои Раёсати назорати буҷет ва фондҳои давлатии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2015-2016 — сардори Бахши назорати буҷетҳои маҳаллии ВМКБ ва вилояти Суғди Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Соли 2016 (02-10) — муовини сардори раёсат — сардори шуъбаи назорати буҷетҳои маҳаллии вилояти Хатлон, шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Раёсати назорати буҷетҳои маҳаллии Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷиикистон;
  • Солҳои 2016-2020 — сардори Сарраёсати назорати давлатии молиявии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз моҳи марти соли 2020 то апрели соли 2020 — муовини сардори раёсат – сардори Шуъбаи назорати давлатии молиявии Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе;
  • Аз моҳи апрели соли 2020 то инҷониб мудири бахши молиявӣ-сармуҳосиби Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
ШАРИКОН: