Мирзозода Мусо Одинамуҳамад

* Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 интихоб шудааст, аз августи соли 2019 дар мансаби раиси ноҳияи Ишкошим кор мекунад.

 * Соли таваллуд:  22.05.1977               * Ҷойи таваллуд:  ноҳияи Ишкошим

* Миллат:  тоҷик                                    * Таҳсилот: олӣ

* Соли 2001 Донишгоҳи Давлатии миллии Тоҷикистонро хатм кардааст.

* Ихтисос: ҳуқуқшиносӣ

* Унвони илмӣ: надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ишкошим, даъвати шашум (солҳои 2020-2025)

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: медали Хизмати шоиста» бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23.07.2021, №213

* Вазъи оилавӣ: оиладор

 * Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:

Солҳои 1998-1999- Нозири нозироти андоз дар ноҳияи Ишкошим
Солҳои 1999-2005- Мутахассиси таҳлилӣ – ҳисоботии нозироти андози ноҳияи Ишкошим
Солҳои 2005-2011- Сардори нозироти андози ноҳияи Ишкошим
Солҳои 2011-2019- Муовини аввали раиси ноҳияи Ишкошим
Аз августи соли

2019 —

Раиси ноҳияи Ишкошим
Аз 17 апрели соли 2020 — Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният
ШАРИКОН: