Акрамзода Рустам

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси ноҳияи Рӯдакӣ

Соли таваллуд:30 январи соли 1969

Ҷои таваллуд ноҳияи Данғара

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 1995 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, соли 2000 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқ (ғоибона), соли 2009 Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав (ғоибона) ва соли 2013 Донишкадаи энергетикии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм кардааст.

Ихтисос: олим-агроном, ҳуқуқшинос, ҳисоби бухгалтерӣ ва аудит, таъмини барқ (аз рӯи соҳаҳо)

Забонҳои русӣ ва ӯзбекиро медонад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Рӯдакӣ

Оиладор, соҳиби 6 фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1986-1987 — коргари корхонаи нақбсозии ноҳияи Данғара;
  • Солҳои 1987-1989 — хизмати ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Солҳои 1989-1990 — коргари  корхонаи нақбсозии ноҳияи Данғара;
  • Солҳои 1990-1993 — донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1993-1996 — нозири шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Қӯрғонтеппа;
  • Солҳои 1996-1998 — нозири раёсати полиси андози вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1998-1999 — мудири қисми амалиёти «Амонатбонк»-и шаҳри Қӯрғонтеппа;
  • Солҳои 1999-2001 — мудири «Амонатбонк»-и №45 ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ;
  • Солҳои 2001-2003 — мудири «Амонатбонк»-и №49 ноҳияи Шаҳритус;
  • Солҳои 2003-2004 — мудири «Амонатбонк»-и №54 ноҳияи Бохтар;
  • Солҳои 2004-2006 — мудири шуъбаи молияи ноҳияи Бохтар;
  • Солҳои 2006-2009 — муовини раиси ноҳияи Бохтар;
  • Соли  2009 (03-05) — муовини директори шабакаҳои барқии шаҳри Қӯрғонтеппа;
  • Солҳои 2009-2010 — директори шабакаҳои барқии шаҳри Қурғонтеппа;
  • Солҳои 2010-2012 — сардори идораи шабакаҳои барқии ноҳияи Ҷ.Румӣ;
  • Солҳои 2012-2014 — сардори идораи шабакаҳои барқии шаҳри Сарбанд;
  • Солҳои 2014-2017 — муовини якуми раиси ноҳияи Ҷ.Румӣ;
  • Солҳои 2017-2019 — муовини якуми раиси ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Аз январи соли 2019 то инҷониб раиси ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
ШАРИКОН: