Раҳмон Дилшод Сафарбек

* Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии шаҳри Душанбе №4 интихоб гардидааст, аз 10 июни соли 2022 дар вазифаи ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» кор мекунад.

* Соли таваллуд:  07.12.1985                         * Ҷойи таваллуд:  шаҳри Кӯлоб

* Миллат:  тоҷик                                              * Таҳсилот:  олӣ

* Соли 2006 Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро  хатм кардааст.

* Ихтисос:  ҳуқуқшиносӣ

* Унвони илмӣ: доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ ва англисӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  даъвати шашум (солҳои 2020-2025)

* Мукофотҳои давлатӣ: ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника, медали ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (27.08.2021)

* Мукофотҳои соҳавӣ: медал “Барои таҳкими ҳамкории парламентӣ дар  СААД”, аз 29.11.2021, №14-18.2

* Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби 3 фарзанд

* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:

Солҳои 2001-2006- Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2006-2012- Ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ
Соли 2012 (02-05) — Муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллӣ оид ба корҳои тарбиявӣ
Солҳои 2012-2014- Муовини декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи

миллӣ оид ба корҳои таълим

Солҳои 2014-2015- Муовини мудири шуъбаи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2015-2018- Мудири шуъбаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдаки Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2016-2022- Декани факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Аз 10 июнти соли 2022 — Ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ»
Аз 17 апрели соли 2020 — Раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният
ШАРИКОН: