Одилзода Дилбар Раҳим

* Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии вилояти Хатлон №3 интихоб гардидааст, аз 21 феврали соли 2022 дар мансаби муовини Раиси шаҳри Душанбе кор мекунад.

* Соли таваллуд:  17.03.1972                         * Ҷойи таваллуд: шаҳри Кӯлоб

* Миллат:  тоҷик                                              * Таҳсилот:  олӣ

* Соли 1994 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ (он замон Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Кӯлоб)-ро хатм кардааст.

* Ихтисос:  филолог, муаллимаи забон ва адабиёти рус

* Унвони илмӣ:  надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ

* Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе,  даъвати шашум (солҳои 2020-2025)

* Мукофотҳои давлатӣ: медали «Хизмати шоиста» (2019)

* Вазъи оилавӣ:  оиладор, соҳиби 3 фарзанд

* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:

Солҳои 1989-1994- Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Кӯлоб
Солҳои 1994-1996- Омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии №28, шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1996-1997- Ҷонишини директори мактаби таҳсилоти умумии №28, шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1997-2004- Директори мактаби таҳсилоти умумии №15, шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2004-2006- Мураббии кӯдакистони №18, ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Солҳои 2006-2009- Мураббии кӯдакистони №126, ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2010- Мудири кӯдакистони №127,  ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе
Солҳои 2010-2011- Муовини мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Фирдавсии  шаҳри Душанбе
Соли 2011 (02-12)- Мутахассиси пешбар ва муовини Раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф  ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2015- Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2017- Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе
Солҳои  2017-2018- Муовини аввали директори муассисаҳои давлатии «Маркази ҷумҳуриявии таҳсилоти  иловагии  Вазорати маориф  ва  илми  Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Солҳои  2018-2020- Директори муассисаи давлатии таълимии «Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб»
Солҳои 2020-2021- Муовини  раиси  шаҳри  Кӯлоб
Соли 2022 (01-02)- Директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода
Аз 21 феврали соли 2022 — Муовини Раиси шаҳри Душанбе
Аз 17 апрели соли 2020 — Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон
ШАРИКОН: