Вализода Абдуқодири Исуф

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси шаҳри Турсунзода

Соли таваллуд: 3 марти  соли 1964

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 1986 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос: муҳандиси хоҷагии қишлоқ, иқтисодчӣ

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Турсунзода (даъвати шашум)

Бо медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1983-1984 — муҳандиси калони шуъбаи парки техникии «Госкомселхозтехника»-и ноҳияи Ховалинг;
  • Солҳои 1984-1986 — хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Солҳои 1986-1989 — корманди кумитаи комсомоли Тоҷикистон дар ноҳияи Ховалинг;
  • Солҳои 1989-1994 — иқтисодчии шуъба, муовини директори хоҷагии ҷангали ноҳияи Ховалинг;
  • Соли 1995 — муовини сардори Комбинати орди ноҳияи Колхозобод;
  • Солҳои 1995-2002 — муовини аввали директори генералии Иттиҳодияи «Ғалла»-и вилояти Хатлон;
  • Солҳои 2002-2010 — мудири шуъба, муовини раиси шаҳри Қӯрғонтеппа;
  • Солҳои 2010-2013 — раиси ноҳияи Ховалинг;
  • Солҳои 2013-2018 — раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ;
  • Аз феврали соли 2018 то инҷониб раиси шаҳри Турсунзода мебошад.
ШАРИКОН: