Ҳакимзода Қурбон

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Раиси вилояти Хатлон

Соли таваллуд: 1 апрели соли 1966

Ҷои таваллуд: ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 1988 Институти хоҷагии қишлоқи  Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос: агроном-олим

Номзади илмҳои кишоварзӣ

Забонҳои русӣ, ӯзбекӣ ва англисиро (бо луғат) медонад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон

Моҳи сентябри соли 2019 бо ордени «Шараф» дараҷаи 3 сарфароз гардонида шудааст.

Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ:

  • Солҳои 1988-1993 — агрономи хоҷагии ба номи С.Урунхоҷаеви ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров;
  • Солҳои 1993-1995 — раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Селхозхимия»;
  • Солҳои 1995-1996 — муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облселхозхимия»;
  • Соли 1996 (07-09) — мутахассиси шуъбаи Комплекси агросаноатии ҳукумати вилояти Суғд;
  • Солҳои 1996-1999 — раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд;
  • Солҳои 1999-2002 — сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд;
  • Солҳои 2002-2004 — муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
  • Солҳои 2004-2006 — муовини аввали сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд;
  • Соли 2006 (02-12) — сардори  Идораи кишоварзии вилояти Суғд;
  • Солҳои 2006-2008 — муовини раиси вилояти Суғд;
  • Соли 2008 (01-03) — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Зафарободи вилояти  Суғд;
  • Солҳои 2008-2010 — раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд;
  • Соли 2010 (06-09) — Иҷрокунандани вазифаи раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
  • Солҳои 2010-2013 — раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон;
  • Солҳои 2013-2018 — муовини якуми раиси вилояти Хатлон
  • Солҳои 2018-2019 — раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз 14 январи соли 2019 то инҷониб раиси вилояти Хатлон мебошад.
ШАРИКОН: