АБДУРАҲМОНЗОДА Саидбурҳони Саидраҳмон

 

* Аз 28 марти соли 2020 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз ҳавзаи интихоботии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 интихоб шудааст, аз 13 декабри  соли 2013 дар мансаби раиси ноҳияи Дарвоз кор мекунад.

* Соли таваллуд:  08.08.1959                   * Ҷойи таваллуд:  ноҳияи Дарвоз

* Миллат:  тоҷик                                    * Таҳсилот:  олӣ

* Соли 1976 Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Хоруғ ва соли 1988 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро хатм кардааст.

* Ихтисос:  зоотехник

* Унвони илмӣ:  надорад

* Кадом забонҳои хориҷиро медонад:  русӣ

* Вакили  Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не:  вакили Маҷлиси вакилони  халқи ноҳияи Дарвоз,  даъвати шашум (солҳои 2020-2025)

* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не:  медали Хизмати

шоиста аз 18 августи 2011, №1133, Ордени Шараф дараҷаи  II аз 7 августи 2018, №1080

* Вазъи оилавӣ:  оиладор, соҳиби 7 фарзанд

* Корнома ва собиқаи меҳнатӣ:

Солҳои 1976-1977- Донишҷӯи Омӯзишгоҳи техникии шаҳри Хоруғ
Солҳои 1977-1978- Духтури ҳайвоноти совхози Сағирдашт
Солҳои 1978-1980- Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
Солҳои 1980-1986- Духтури ҳайвоноти совхози Сағирдашт
Солҳои 1983-1988- Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон (он замон

Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон)

Солҳои 1986-1989- Зоотехники фермаи чорвопарварии №2, совхози Сағирдашт
Солҳои 1989-1991- Мудири фермаи чорвопарварии совхози Сағирдашт
Солҳои 1991-1995- Сарзоотехники  совхози Сағирдашт
Солҳои 1995-2001- Директори  совхози Сағирдашт
Солҳои 2001-2006- Директори хоҷагии зотпарварии Сағирдашт
Солҳои 2006-2013- Раиси кооперативи Сағирдашт
Соли 2013 (02-12)- Сардори истеҳсолот дар ҶДММ корхонаи “Таком-Голд”
Аз 13 декабри соли 2013 — Раиси ноҳияи Дарвоз
Солҳои 2015-2020- Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум
Аз 17 апрели соли 2020 — Узви Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология (даъвати шашум, солҳои 2020-2025)
ШАРИКОН: