САМАДЗОДА Зикрихудо Муҳаммадаюбхон

Раиси ноҳияи Ишкошим

Соли таваллуд: 11феврали соли 1970
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Ишкошим
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1991 техникуми молиявӣ – иқтисодии шаҳри Душанбе ва соли 1999 Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро хатм намудааст.
Ихтисос: бюҷет, иқтисодчӣ
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2013 бо Медали «Хизмати шоиста» сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Соли 1990 (06.08)-тафтишотчӣ – назоратчии Раёсати суғуртаи давлатӣ дар ВМКБ;
  • Солҳои 1990-1991-донишҷӯи техникуми молия ва иқтисоди шаҳри Душанбе;
  • Соли 1991 (07.11)-тафтишотчӣ  –  назоратчии Раёсати суғуртаи давлатӣ дар ВМКБ;
  • Солҳои 1991-1993-назоратчии дараҷаи 1-и Раёсати суғуртаи давлатӣ дар ВМКБ;
  • Солҳои 1993-1996-тафтишотчӣ – назоратчии Вазорати молияи Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар шуъбаи молияи шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 1996-2001-тафтишотчӣ – назоратчии калони Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар идораи молияи ВМКБ;
  • Солҳои 2001-2007-сармутахассиси Кумитаи назорати давлатии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ;
  • Солҳои 2007-2010-мутахассиси пешбари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо корупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ; Солҳои 2010-2011-иҷрокунандаи вазифаи сардори Сарраёсати молияи ВМКБ;
  • Солҳои 2011-2012-сардори Сарраёсати молияи ВМКБ;
  • Солҳои 2012-2013-сараудитори палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз моҳи ноябри соли 2013 то моҳи феврали соли 2014-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ишкошим;
  • Аз моҳи феврали соли 2014- то инҷониб Раиси ноҳияи Ишкошим мебошад.
ШАРИКОН: