ИМОМЗОДА Муҳаммадюсуф Саидалӣ 

Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 28 апрели соли 1959
Ҷойи таваллуд: шаҳраки Совет, (ҳозира ноҳияи Темурмалик)
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1981 Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро хатм намудааст.
Ихтисос: филолог
Доктори илмҳои филология, профессор, академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо ордени «Дӯстӣ» ва мукофотҳои соҳавии «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Корманди фахрии таҳсилоти олии Федератсияи Россия сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1976-1981-донишҷӯи факултети филологияи Унверситети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин;
  • Солҳои 1981-1984-лаборанти калони Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1984-1985-муҳақиқ–коромӯзи Институти адабиёти ҷаҳонӣ ба номи М.Горкийи Академияи илмҳои Иттиҳоди шӯравӣ;
  • Солҳои 1985-1991-аспирант, ходими хурди илмии забон ва адабиёти ба номи  А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1991-1999-лаборант, муаллими калон, дотсент, муовини декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1999-2004-декани факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2004-2012-ректори Донишгоҳи славянии Россия ва Тоҷикистон;
  • Аз моҳи августи соли 2012- то инҷониб ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.
ШАРИКОН: