МАҲТОБШОЗОДА Арамбегим Бозор

Узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Соли таваллуд: 4 марти соли 1961
Ҷойи таваллуд: шаҳри Хоруғ
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1983 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намудааст.
Ихтисос: омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик
«Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Забони русиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2011 бо Ифтихорномаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1983-1999-муаллимаи фанни забон ва адабиёти тоҷик дар
  • мактабҳои №12 ва № 5-и шаҳри Хорӯғ;
  • Солҳои 1999-2004-раиси Кумитаи занони Ҳукумати шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 2004-2006-муовини мудири шуъбаи иҷтимоии фарҳангии дастгоҳи раиси  Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон;
  • Солҳои 2006-2008-мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хоруғ;
  • Солҳои 2008-2010-раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи дастгоҳи раиси Вилояти  Мухтори  Кӯҳистони Бадахшон;
  • Солҳои 2010-2011-муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон;
  • Солҳои 2011-2016-директори муассисаи таълимии давлатии Мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хоруғ;
  • Аз моҳи ноябри соли 2016 — то 18 сентябри соли 2018 дар вазифаи раиси шаҳри Хоруғ кор кардааст.
ШАРИКОН: