НАБИЗОДА Наим

Раиси шаҳри Истаравшан

Соли таваллуд: 2 сентябри соли 1962
Ҷойи таваллуд: шаҳри Душанбе
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1984 Донишгоҳи техникии ҷангали шаҳри Москваро хатм намудааст.
Ихтисос: муҳандиси хоҷагии ҷангал
Забони русиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бо Ордени «Шараф дараҷаи 2» сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1979-1984-донишҷӯи Донишгоҳи техникии ҷангали шаҳри Москва;
  • Солҳои 1984-1988-сарҷангалпарвари хоҷагии ҷангали ноҳияи Айнӣ;
  • Солҳои 1988-1989-муҳандиси калони Раёсати бунёд ва барқароркунии ҷангали Кумитаи давлатии хоҷагии ҷангали РСС Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1989-1990-сардори шуъбаи муҳофизат ва ҳифзи ҷангали Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Соли 1992-муовини сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии Иттиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1992 -1993-муовини сардори шуъбаи бунёд ва барқароркунии Итиҳодияи истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1993-2004-муовини аввали директори Иттиҳодияи  истеҳсолии хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз 03.2004-08.2004-директори департаменти хоҷагии ҷангал;
  • Солҳои 2004-2005-иҷрокунандаи вазифаи сардори «Агентии хоҷагии ҷангал ва шикор»-и Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2005-2006-сардори муассисаи давлатии  «Агентии хоҷагии ҷангал  ва  шикор»-и Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз 12.2006-03.2007-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Шаҳристон;
  • Солҳои 2007-2015-раиси ноҳияи Шаҳристон;
  • Аз 02.2015-03.2015-иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Истаравшан;
  • Аз соли 2015- то моҳи марти соли 2017 раиси шаҳри Истаравшан.
ШАРИКОН: