ҶАББОРИ Ғаффор

Раиси ноҳияи Бохтар

Соли таваллуд: 4 декабри соли 1963
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Бохтар
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1983 совхоз – техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Бохтар ва соли 1993 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро (ғоибона) хатм намудааст.
Ихтисос: зоотехник, иқтисодчӣ
Забони русиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2011 бо медали ҷашни «20 – солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1980-1983-донишҷӯи совхоз — техникуми ба номи Куйбишеви ноҳияи Коммунистӣ;
  • Солҳои 1983-1984-техник–лабаранти калони идораи молпарварии давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа;
  • Солҳои 1984-1986-ҳисобчии хоҷагии ба номи Куйбишеви ноҳияи Коммунистӣ (Бохтар);
  • Солҳои 1986-1988-ҳисобчии фабрикаи мурғпарварии хоҷагии Навободи ноҳияи Куйбишев;
  • Солҳои 1988-1991-мудири анбори Сарраёсати автомобили вилояти  Хатлон;
  • Солҳои 1991-1992-иқтисодчии Сарраёсати автомобилии вилояти Хатлон;
  • Соли 1992 (06-11)-сардори шуъбаи захиратаъминкунии Сарраёсати автомобилии вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1992-1995-ҷонишини Директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолию техникӣ ва таъминоти моддии комплекси агросаноатии вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1995-2002-директори генералии Иттиҳодияи истеҳсолию техникӣ  ва таъминоти моддии комплекси агросаноатии вилояти Хатлон;
  • Солҳои 2002-2003-директори генералии ҶСШК «Хатлонтранс»;
  • Солҳои 2003-2007-ҷонишини аввали сардори идораи нақлиёти вилояти Хатлон;
  • Солҳои 2007-2008-раиси  хоҷагии ба номи Файзалӣ Саидов-и ноҳияи Бохтар;
  • Солҳои 2008-2013-раиси ноҳияи Хуросон;
  • Солҳои 2013-2014-иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бохтар;
  • Аз моҳи марти соли 2014- то инҷниб Раиси ноҳияи Бохтар мебошад.
ШАРИКОН: