ГУЛМАҲМАДЗОДА Давлатшоҳ Қурбоналӣ

Раиси вилояти Хатлон

Соли таваллуд: 10 январи соли 1961
Ҷойи таваллуд: ноҳияи Данғара
Миллат тоҷик: Таҳсилот олӣ
Соли 1987 Донишкадаи муҳандисӣ-обёрикунӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкантро (рӯзона), соли 1991 Донишгоҳи кӯҳии ба номи Г.В. Плеханови шаҳри Ленинградро (ғоибона) ва соли 2007 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро (ғоибона) хатм намудааст.
Ихтисос: муҳандис, заминсоз ва идоракуни давлатӣ.
Номзади илмҳои иқтисодӣ
Забонҳои русӣ ва англисиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 2006 бо ордени «Шараф» дараҷаи 1 ва соли 2011 бо медали ҷашнии  «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз  гардонида шудааст.
Оиладор.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1978-1980-колхозчии Колхози ба номи Ленини ноҳияи Данғара; Солҳои 1980-1982-хизмати ҳарбӣ  дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ;
  • Солҳои 1982-1987-донишҷӯи Донишкадаи муҳандисӣ-обёрикунӣ ва механикунонии хоҷагии қишлоқи шаҳри Тошкант;
  • Солҳои 1987-1989-сармуҳандис-заминсози ноҳияи Комсомолобод;
  • Солҳои 1989-1993-раиси Кумитаи ҳифзи табиати ноҳияи Данғара;
  • Солҳои 1993-1995-раиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Хатлон;
  • Солҳои 1995-2000-муовини Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2000-2001-раиси Кумитаи захираҳои замин ва заминсозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2001-2006-раиси Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2006-2008-директори агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2008-2010-муовини раиси вилояти Суғд;
  • Солҳои 2010-2013-раиси шаҳри Турсунзода;
  • Аз 27 ноябри соли 2013 иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон;
  • Аз 28 феврали соли 2014-то инҷониб раиси вилояти Хатлон мебошад.
ШАРИКОН: