АМИРЗОДА Раҳмоналӣ Амир

Раиси шаҳри Ваҳдат

Соли таваллуд: 1октябри соли 1954
Ҷои таваллуд: ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон
Миллат тоҷик:
Таҳсилот: олӣ
Соли 1976 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва солҳои 1989-1991 мактаби Олии ҲК ИҶШС-и шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистонро (ғоибон) хатм намудааст.
Ихтисос: иқтисодчӣ
Донандаи забони русӣ
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Соли 1999 бо Ордени «Шараф» ва 29 августи соли 2014  бо унвони фахрии «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Оиладор, соҳиби шаш фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1971-1976-донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1976-1977-иқтисодчии калони Идораи молҳои хӯроквории ноҳияи Фрунзе (н.Сино)-и шаҳри Душанбе;
  • Солҳои 1977-1978-иқтисодчии калони Комбинати хизмати маишии ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияҳои Муъминобод ва Ш. Шоҳин);
  • Солҳои 1978-1979-хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ИРСС Федератсияи Россия, Монголия;
  • Солҳои 1979-1981-инструктори шуъбаи ташкилотҳои комсомолӣ, мудири шуъбаи ҷавонони коргар ва деҳоти комитети комсомолии вилояти Кӯлоб;
  • Солҳои 1981-1984-котиби якуми комитети комсомолии ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияҳои Муъминобод ва Ш. Шоҳин);
  • Солҳои 1984-1987-мудири шуъбаи хоҷагии қишлоқ, котиби комитети ҳизби Коммунистии ноҳияи Ленинград (ҳозира ноҳияҳои Муъминобод ва Ш. Шоҳин);
  • Солҳои 1987-1988-мудири шуъбаи молиявию хоҷагии комитети ҳизбии Коммунистии вилояти Кӯлоб;
  • Солҳои 1988-1993-котиб, котиби якуми комитети ҳизби Коммунистӣ, ҳамзамон солҳои (1989-1991) раиси Шӯрои депутатҳои халқи ноҳияи Муъминобод;
  • Солҳои 1993-1995-сардори шуъбаи робитаҳои иқтисодии хориҷии Ассотсиатсияи ҷумҳуриявии «Тоҷикселхозхимия»;
  • Солҳои 1995-1997-сардори шуъбаи гумруки фурудгоҳи шаҳри Душанбеи Кумитаи давлатии гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 1997-2001-раиси шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон;
  • Солҳои 2001-2006-директори Агентии давлатии сиёсати зиддимонополӣ ва дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати ҶумҳурииТоҷикистон;
  • Солҳои 2006-2009-муовини раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2009-2012-муовини аввали Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Солҳои 2012-2013-раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд;
  • Аз декабри соли 2013- то инҷониб раиси шаҳри Ваҳдат.
ШАРИКОН: