ДАДАҶОНОВА Саёҳат Мамаюсуповна

Раиси Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ

Соли таваллуд: 17 феврали соли 1966
Ҷои таваллуд: ноҳияи Рӯдакӣ
Миллат: тоҷик
Тасҳилот: олӣ
Соли 1999  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷураев,  соли  2002  Донишкадаи  андоз  ва  ҳуқуқ ва соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм  намудааст.
Ихтисос: муаллимаи фанни таърих ва ҳуқуқ, ҳуқуқшинос
Забонҳои русӣ ва ӯзбекиро медонад.
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
«Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1985-1995-китобхоначии китобхонаи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и  ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Солҳои 1995-1996-муаллимаи фанни таърихи мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №21-и ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Солҳои 1997-2000-котибаи маҷлиси суди ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Солҳои 1997-2000-мудири шуъбаи коргузории суди ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Солҳои 2002-2007-мудири шуъбаи САҲШ-и ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Солҳои 2008-2010-раиси Ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ;
  • Аз соли 2010- то инҷониб — раиси  Ҷамоати шаҳраки Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Рӯдакӣ мебошад.
ШАРИКОН: