РАҲМОНОВА Наргис Шарифовна

Котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А.Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон

Соли таваллуд: 15 июни соли 1966
Ҷои таваллуд: шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 1987 Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи А. Рӯдакиро хатм  намудааст.
Ихтисос: забон ва адабиёти рус
Номзади илмҳои филологӣ мебошад.
Донандаи хуби забони русӣ
Аз соли 2015 узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Собиқа ва фаъолияти корӣ

  • Солҳои 1987-1989-муаллимаи забон ва адабиёти рус дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и  шаҳри Кӯлоб;
  • Солҳои 1989-2002-ҷонишини директор оид ба таълими мактаби ғоибонаи ноҳияи Қубодиён;
  • Солҳои 2003-2006-омӯзгори кафедраи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хисрав;
  • Солҳои 2006-2007-саромӯзгор дар кафедраи забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хисрав;
  • Солҳои 2007-2008-мудири кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ дар  Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хисрав;
  • Солҳои 2008-2009-декани факултети филологияи Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хисрав;
  • Солҳои 2009-2012-ноиби ректор оид бакорҳои тарбиявии Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хисрав;
  • Солҳои 2012-2014-ходими калони илмии Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Н. Хисрав;
  • Солҳои 2012-2014-ходими калони илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
  • Аз моҳи апрели соли 2014- то инҷониб-Котиби илмии Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи А. Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.
ШАРИКОН: